vtem newsroll

ЧАШМАИ ОФТОБРО ЧӢ ГУНОҲ? Ё ШАРҲИ АЪМОЛИ ЗАРХАРИДОНЕ, КИ НА АЗ ХУДО МЕТАРАСАНДУ НА ШАРМЕ АЗ МАРДУМ ДОРАНД

Дар сомонаи АМИТ мақолаи «Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус»-ро, ки ба қалами Азимҷон Раҳмонзода, Зиёев Субҳиддин ва Фирдавс Мирзоёров таалл...
vtem newsroll

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони Беморхонаи сироятии Ҷамоати деҳоти Хистеварз

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вило...
vtem newsroll

Шиносоӣ бо сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти сохтмони майдони Парчами д...
vtem newsroll

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо тарзи истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои боздид аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо тарзи истифодабарии замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби сокинон шинос ...

Табибон ҷисму ҷони одамизод

Тавре мардуми сарбаланди кишвар огоҳанд, имрӯз саросари дунёро  вируси COVID-19 фаро гирифтааст, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо низ олудашавии одамон ба ин вабои аср ба қайд гирифта шуд. Ҳукумати кишвар тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намудааст, ки зудтар халқи сарбаланду меҳанпараст куҳанбунёд ва соҳибхиради тоҷик ин рӯзҳои сахтро паси сар намояд.

Чунонки маълум аст, солимии ҷомеа яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифат ва самараи  хизматрасонии тиббӣ ҳамасола кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар баробари ин заҳмати табибони ҳозиқ аз ҷониби Ҳукумати кишвар қадрдонӣ карда мешавад. Дар ин рӯзҳои мушкил беш аз пеш дастгирии маънавӣ ва равонии табибон, ки воқеан “фариштаҳои сафедпӯш”ҳастанд, яке аз мақсадҳои аслии мардуми худшиносу миллатдӯст мебошад. Ҳар як амали самаранок ва саршор аҳ меҳру муҳаббат ва самимият барои кулли табибон,  тавонбахшу неруофар мебошад, чунки табибон ҳам инсон ҳастанд ва наметавонанд аз гирудори рӯзгор ва иҷтимоиёт орӣ бошанд. Барои мардуми тоҷик хилъати сафед ҳамеша намое аз шафқат ва меҳрубонӣ мебошад.

Дониш, маҳорату малака ва таҷрибаи табибони тоҷик ба кулли тоҷикистониён умед мебахшад, ки дар муддати кутоҳтарин пеши роҳи паҳншавии COVID-19 –ро мегиранд, зеро  онҳо меросбарони асили Синои оқил мебошанд. Табибон нафароне ҳастанд, ки дар навбати аввал дар рӯзҳои хурсандиву нишот ва мусибату мушкилии мардум шодишарику дармонбахши дарди онҳо ҳастанд.

Кормандони тиб ҳамчун неруи соҳибэътибори ҷомеа, ки мардум ба онҳо боварии зиёд дорад ва дар маҳалҳо бевосита бо халқ сару кор доранд, баробари адои вазифаи касбиашон, чун узви ҷомеа, барои ободони тозагии муҳити атроф дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳо баҳри саломатии комил ва устувории оилаҳо, ҳифзи саломатии онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Итминони комил дорем, ки кормандони соҳаи тиб ва беҳдоштӣ минбаъд низ дастовардҳои худро афзун намуда, баҳри саломатии аҳли ҷомеа ва ояндаи неки насли имрӯзу фардо аз тамоми қудрати табобатӣ, ақлониву зеҳнӣ, маънавӣ ва инсонгароёнаи хеш босамар ва муфид истифода хоҳанд намуд. Ин талош ва такопӯи ҳар яки Шумо табибони муҳтарам метавонад муҳимтарин омили рушди солимии ҷомеаи инсонӣ ва камолоти насли солиму созандаи ҷомеа гардад.

Дар ин  марҳилаи душвор ба кулли кормандони соҳа, ки дар тан хилъати сафед доранду бо дили гарму дасти сабуку нияти пок барои саломатии миллат хидмат менамоянд, барору комёбӣ, нерую матонат ва ҷасорати созандаро мехоҳем. Арзи меҳру ихлос ва самимияти худро бо мисраъҳои зер анҷом бахшида, ба кулли табибони Тоҷикистони соҳибистиқлол саломатию руҳбаланд буданро таманно дорем:

Табибон ҷисму ҷони одамият,

Ба дилҳошон ҳамеша меҳру шафқат.

Ҳамебошанд бас осудахотир,

Агар бошанд одамҳо саломат.

Фирдавс Мирзоёров,

устоди ДМТ

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия
Турсунзода Дилором Турсунзода Дилором Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз349
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта642
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3202
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6291
mod_vvisit_counterҲамин моҳ3202
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта35810
mod_vvisit_counterҲамагӣ355707