ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ
Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустӣ!
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки ворисони нобиғаи бузурги миллат Абӯалӣ Ибни Сино маҳсуб меёбанд, бегумон дар пешбурди ҳамаҷонибаи соҳаи тандурустӣ замина гузошта, итминон дорам, ки дар беҳтар шудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи сиҳатии омма мусоидат менамояд. Дар зиндагӣ саломатӣ беҳтарин неъмат аст. Нигаҳдориву ҳифзи он кори хеле масъулиятноку заҳматталаб мебошад, ки дар ин раванд нақши кормандони соҳаи тиб беандоза мебошад, зеро дар беҳдошти саломатӣ ва некӯаҳволии мардуми кишвар нақши духтурон ва хоҳарони шафқат бағоят калон буда, баҳри ба даст овардани солимии шаҳрвандон пайваста саъю кӯшиш мекунанд.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рушду инкишофи соҳаи тиб ва пурсамар гардидани фаъолияти табибон тадбирҳои бисёре амалӣ мегарданд. Тадриҷан ва паиҳам зиёд намудани музди маоши кормандони соҳаи тиб, сохтмони иншоотҳои нави тандурустӣ, муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва амсоли ин нишонаи ғамхории пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари давлат мебошад.
Дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати амалигардонии Барномаҳои мухталифи давлатӣ ва рушду инкишофи соҳаи тандурустӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шудааст. Мо фахр мекунем, ки дар ноҳияамон сафи духтурони пешқадам ва соҳибтаҷриба зиёд гашта истодаанд ва беҳтар намудани солимии ҷамъият самти асосии фаъолияти онҳо мебошад.
Муҳтарам кормандони шарафманди соҳаи тиб!
Иди касбии Шумо, ҳамасола дар арафаи таҷлили солгарди Истиқлоли давлатии мамлакатамон таҷлил мегардад ва бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде дар самти равнақи соҳаи тандурустӣ дар ноҳия нақшабандӣ гардидаанд. Боварӣ дорам, ки табибони заковатманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба пешвози ҷашнвораҳои бузурги сол маҳорату малакаи худро дар амалӣ намудани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ масраф менамоянд. Зеро Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи хеш ба рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, зимни суханрониҳои худ таъкид медоранд, ки «Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.».
Мо нақши барҷастаи кормандони соҳаи тандурустиро дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ба хуби дарк мекунем ва ҳамеша бар он мекӯшем, ки мақоми табибонро дар байни мардуми диёр боло бардорем ва меҳнаташонро сазовор қадр намоем. Ҷоизи қайд аст, ки кормандони соҳаи тандурустӣ ба ҳама мушкилот ва муаммоҳои соҳа нигоҳ накарда, ҷиҳати татбиқи Барномаҳои милливу соҳавӣ босамар меҳнат мекунанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия эътимоди комил дорад, ки кормандони муассисаҳои тандурустии ноҳия барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳо ва татбиқи усулҳои ҷадиди муолиҷа минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Бо ин ниятҳои нек, тамоми кормандони соҳаи тандурустиро бо иди касбӣ табрик гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори босаодат ва дар меҳнати заҳматталабашон барору муваффақиятҳо таманно менамоям.
Иди касбӣ муборак, табибони азиз!
Нусратулло Салимзода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров