ТАДБИРҲО БАҲРИ АФЗУНГАРДОНИИ ҲОСИЛИ ПАХТА
Бо мақсади шиносоӣ бо раванди нашъунамои пахта ва иҷрои корҳои агротехникӣ, дирӯз муовини якуми раиси ноҳия Абдуаҳад Ҳакимзода аз заминҳои Кооперативи тиҷоратӣ – хоҷагии ҷамоавии ба номи "Турсунбой Қӯшатов" дидан намуд. Ин боздид дар замоне сурат мегирад, ки кишоварзон дар марҳилаи ниҳоии парвариши пахта қарор доранд ва таваҷҷуҳи давлат ба ин бахши муҳими кишоварзӣ рӯз аз рӯз меафзояд.
Тибқи иттилои Ориф Азаматов, раиси Кооперативи тиҷоратӣ - хоҷагии ҷамоавии “Турсунбой Қӯшатов”, соли равон дар хоҷагӣ дар масоҳати 726 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст. Айни ҳол, кишоварзон дар давраи ниҳоии иҷроиши корҳои агротехникӣ, яъне коркарди байни қаторҳо, тоза кардани алафҳои бегона, обёрӣ, ғизодиҳӣ ва ғизодиҳӣ аз барг қарор доранд. Ин корҳо барои инкишофи дуруст ва баланд бардоштани ҳосили пахта аҳамияти махсус доранд.
- Барои баланд намудани ҳосилнокӣ кӯшиш намуда истодаем, аъзоён ва иҷоракорон азм доранд, ки ба ҳисоби миёна аз ҳосили имсола, аз ҳар гектар 26 – 27 сентнер пахта ба даст оваранд, -гуфт, Ориф Азаматов.
Метавон зикр дошт, ки ин рақам аз нақшаҳои ҷиддӣ ва умедбахши хоҷагӣ шаҳодат медиҳад. Барои расидан ба ин ҳадаф, истифодабарии шарбат аз нуриҳои органикӣ якҷоя бо обёрикунӣ низ аз тавсияҳои муҳимест, ки дар ин заминҳо амалӣ мегардад.
Пахта дар ҳақиқат ҳамчун боигарии асосии кишвар маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, солҳои охир ҷиҳати афзун намудани истеҳсолоти он аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. Дастгирии пайвастаи соҳаи пахтакорӣ на танҳо ба амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад, балки барои ҳазорон нафар кишоварзон ва аъзоёни оилаҳои онҳо манбаи даромад ба ҳисоб меравад.
Муовини раиси ноҳия Абдуаҳад Ҳакимзода дар ҷараёни боздид ба кишоварзон тавсияҳо дода, иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша ҷонибдори пешрафти ин соҳаи муҳим буда, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Бояд тазаккур дод, ки ин гуна боздидҳо ва таваҷҷуҳи масъулин ба раванди корҳои саҳроӣ на танҳо рӯҳияи кишоварзонро болида мегардонад, балки онҳоро ба кӯшишҳои бештар ва истифодаи самараноки ҳар як қитъаи замин ташвиқ менамояд. Умед аст, ки бо заҳмати аҳлонаи деҳқонон ва дастгирии давлат, ҳосили имсолаи пахта фаровон хоҳад буд.
Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”