МУБОРАКБОДИИ Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

    Бо камоли эҳтиром ва ифтихори ватандорӣ тамоми мардуми шарафманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, барои ҳар фарди сарбаланду худогоҳи миллат сулҳу субот, саодати рӯзгор ва барои Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям.

    Мусаллам аст, ки забони тоҷикӣ ҳамчун ёдгории беназири маънавии миллатамон дар тӯли ҳазорсолаҳо аз санҷишу озмоишҳои зиёде гузашта, имрӯз ба ҳайси забони давлатӣ ва яке аз пояҳои устувори давлатдории навини тоҷикон эътироф шудааст. Ин забонест, ки аз осори устодони бузурги сухан - аз сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва дигар донишмандони асил мерос мондааст ва ҳамчун оинаи тамаддуни миллӣ таъриху фарҳанги ғании моро инъикос менамояд.

    Мо - фарзандони даврони Истиқлол, хушбахтем, ки имрӯза забони тоҷикӣ дар ҳамаи арсаҳои ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар мавқеи арзанда дорад. Он на танҳо воситаи муошират, балки рамзи ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифу соҳибтамаддуни Тоҷикистон гардидааст.

   Рушду тавсеаи забони давлатӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии пешрафти давлат ва худогоҳии миллӣ мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои фарҳангии муосир, моро зарур аст, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони миллӣ, талоши бештар намоем. Дар ин замина, нақши ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, аҳли илму фарҳанг, воситаҳои ахбори омма ва пеш аз ҳама, оила ва муассисаҳои таълимӣ бисёр муҳим аст. Зеро, тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Хушбахтона, миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро  дар радифи  дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрӯзи обод оварда расонад... Ягона роҳи ҳифзи ин мерос талоши ҳарчи бештар мустаҳкам намудани пояҳои муқаддасоти миллист, ки забони давлатӣ яке аз он шоҳсутунҳои муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад.”

   Бовар дорем, ки бо заҳмату талоши дастаҷамъона ва ҳисси баланди миллӣ мо метавонем, ин ганҷи бебаҳои маънавиро бегазанд ба наслҳои оянда мерос гузорем.  

    Бори дигар, Рӯзи забони давлатӣ - рамзи ифтихори миллӣ ва нишонаи ҳастии миллатро ба ҳамаи Шумо, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, табрик гуфта, ба ҳар хонадон хонаи обод, ба Ватанамон сулҳу суботи ҷовидона ва ба забони нобу шевои тоҷикӣ умри дарозу шукуфоӣ таманно дорам.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.