АҲАМИЯТИ НЕРУИ ЗЕҲНӢ ВА ҶИСМОНИИ ҶАВОНОН

Ба ифтихори Рӯзи варзишгарон

    Ҷавонон нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи давлату миллат мебошанд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бахти бузург аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини истиқлолият дар меҳвари сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор мегиранд. Зеро, давлати мо бо ин қувваи азим ҳамчун сипари боэтимоди давлату миллат эътимоди комил дорад. Пешвои миллат пайваста барои дастгирии ҷавонон, таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, барои рушди ҳаматарафаи фаъолияти онҳо тадбирҳои судманд андешидаанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо бисёр хурсандибахш аст, ки ҷавонони мо низ маҳз тавассути донишу қобилият ва зӯру бозу парчамбардори ин Ватани маҳбуб гардида истодаанд.

   “Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дорад” – ин баҳои арзандаи Пешвои муаззами миллат, ҷавононро боз ҳам водор месозад, ки таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи худро омӯхта, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

   Метавон зикр дошт, ки бо дарназардошти ҷаҳони муосир имрӯзҳо байни неруи зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон мувозинати баробар бояд дида шавад.  Ҳоло дар баробари неруи ҷисмонӣ, неруи ақливу зеҳнӣ бартарият дорад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд аз имконоти мавҷуда истифода бурда, донишу маҳорати худро сайқал диҳанд. Чунин неруи созанда танҳо дар сурате ифтихори миллат мешавад, ки агар сарчашмаи тавлидкунандаи идеяҳои нав, ободкорӣ ва омили суботи ҷомеа бошад.

   “Ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерӯи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи сарзамини аҷдодиямон сафарбар созанд”, — таъкид кардаанд Пешвои миллат. Ин суханон бояд сармашқи асосии кору пайкори ҳар як ҷавони бонангу номуси тоҷик бошад. Дар ин маврид Фирдавсӣ мегӯяд: "Пароканда лашкар наояд ба кор, дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор". Ин маънӣ имрӯз ҳам мубрам аст, зеро танҳо доштани шумораи зиёди ҷавонон кофӣ нест, балки онҳо бояд муттаҳид, боазму ирода ва соҳиби маърифати баланд бошанд.

Зулола Ибрагимова, аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.