МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА ҶОМ БА ДУХТАРОНИ БОИСТЕЪДОДИ СУҒД
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба баскетбол барои дарёфти Ҷоми федератсияи баскетбол байни бонувон, ки аз 1 то 5-уми январи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо комёбии духтарони боистеъдоди вилояти Суғд анҷом ёфт.
Чор нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, Азиза Пӯлотова, Азиза Қосимова, Маҳноза Ҳасанова ва Шукрона Юлдошева, дар якҷоягӣ бо дастаи яккачини вилояти Суғд, бо маҳорати баланди худ 6 дастаи минтақаҳои гуногуни кишварро мағлуб намуда, сазовори медали тилло ва Ҷоми федератсия шуданд.
Ин ғалабаи шоиста нишондиҳандаи таваҷҷӯҳи зиёд ба варзиш дар минтақаи Суғд ва иқтидори баланди хонандагони мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.
"Парвозгоҳи бузургон"