Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Зуҳал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи Зуҳал оғоз бахшиданд.
Иншоот дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд гардида, иқтидори лоиҳавии он дар як шабонарӯз 40 тонна равғани растанӣ мебошад.
Дар корхона 40 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Хатти истеҳсолӣ аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ, омода намудани қуттиҳои пластикӣ ва бандубаст иборат буда, маҳсулот дар зарфҳои аз як то панҷлитра вориди бозори истеъмолӣ мешавад.
Корхона бо мақсади таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти ватанӣ ва дорои сифати баланд таъсис ёфта, дар он аз рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол мешавад.
Ба таъкиди мутахассисони соҳа, ба кор оғоз намудани корхона метавонад, ҳамчунин, ба коҳиши воридоти хӯроки паранда аз хориҷи кишвар мусоидат намояд, зеро кунҷораи истеҳсолшуда, ки дар таркибаш беш аз 6 фоиз равған дорад ба фабрикаҳои парандапарварӣ бо нархи нистбатан арзон пешниҳод карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани растанӣ тавсияҳои муфид доданд.
Бо таъсиси чунин корхонаҳо имконияти қонеъ намудани талаботи аҳолӣ бо ин навъи маҳсулот бештар шуда, соҳибкорон метавонанд бо истифода аз имтиёзҳои Ҳукумати кишвар истеҳсолоти ватаниро тақвият бахшанд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо маҳсулоти корхона шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки равғани ин корхона дорои сифати баланд буда, аз лиҳози экологӣ тоза ва безарар мебошад.
Сарвари давлат иқдоми созандаи соҳибкори ватаниро шоистаи таҳсин хонда, таъкид доштанд, ки бунёди чунин иншоот ба сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.
Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, асосан, корхонаҳои азими коркарди пахта ва маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, қаннодӣ, консерваи меваю сабзавот, равғани растанӣ, ранг, мебел, риштаи абрешимӣ, атлас, гӯшти мурғ ва ғайра фаъолият доранд, ки молу маҳсулоташон ба давлатҳои ҳамсоя ва даҳҳо кишварҳои дигар содирот мешавад.
Манбаъ: www.president.tj







29 март сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид.

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Боғистони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи таҳсилоти томактабии Баҳорро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз, вохӯрии сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.






