Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии «Ширин»-ро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мавриди истифода қарор доданд
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара нахуст Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии «Ширин»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Ин иншоот бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори ватанӣ Сорбон Савриддинов мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.





Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Адл”-ро ба истифода дода, бо имконияти корхонаи нави саноатӣ шинос шуданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати обрасонӣ барои обёрии 100 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонии “Мазбут”, “Маъмур С”, “Ситодел”, ”Турсунбой-бобо”-ро ифтитоҳ намуда, ба бунёди токзори навъи кишмиш дар Хоҷагии деҳқонии “Шукрулло” оғоз бахшиданд.
8 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии “Истаравшан”-ро ифтитоҳ намуданд.



