Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии «Ширин»-ро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мавриди истифода қарор доданд
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара нахуст Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии «Ширин»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Ин иншоот бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори ватанӣ Сорбон Савриддинов мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.