Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таълимии давлатии «Литсейи рақами 1»-ро ба истифода доданд

14 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба таҷлили шоистаи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти Хистеварз Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи рақами 1”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.








14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.



