Ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»

 

Санаи 2 июли соли 2021 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.

 

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек зимни суханронӣ қайд намуд, ки Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвият бахшидан ба нерӯи зеҳнии ҷомеа солҳои 2020-2040-ро бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намуда, дар Паёми навбатии худ ҷиҳати амалисозии ин иқдом ва бо хулосабардорӣ аз ҷамъбасти озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», гузаронидани озмуни ҳарсолаи “Илм – фурӯғи маърифат”-ро эълон доштанд. Ҳадафи асосӣ аз иқдомоти зикршуда ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба ҳисоб рафта, барои дарёфти истеъдодҳои нав дар самти рушди технологияи иноватсионӣ ва раҳнамоии ҷавонон ба ихтироъкориву навоварӣ мусоидати бевосита мекунад.

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП44 ва дар ин замина ҷиҳати татбиқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 марти соли 2021, №140 барои ташкил ва гузаронидани даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз ҳисоби буҷети ноҳия 33703 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Ҳайати комиссияи босалоҳият ва ҳакамони нуктасанҷ аз рӯи номинатсияҳои муқарраргардида ғолибонро муайян намуданд.

Дар доираи дигар озмуну фестивалҳо бахшида ба истиқболи арзандаи ҷашнвораи муҳташами сол – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯз ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» қадршиносӣ карда шуданд.

tt

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.