Маҳфили илмию адабӣ дар мавзӯи «Артиши миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ»

Дар доираи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақшаи кории Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 09.02.2021 дар қисми ҳарбии 14356-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳфили илмию адабӣ дар мавзӯи «Артиши миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ» ташкилу баргузор карда шуд.
Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Комилӣ Мастура, аъзои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ҳошимзода Муқаддам, соҳибкори маҳаллӣ Рустам Раҳматуллозода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти ноҳия Каримов Ҳасан ва дигар аъзоёни фаъоли Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар баргузории чорабинии мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷониби саъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барои сарбозону афсарон барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.