МУБОРАКБОДИИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ НУСРАТУЛЛО САЛИМЗОДА БАХШИДА БА ИДИ ҚУРБОН

     

       Ҳамдиёрони азиз!

    Дар ин рӯзҳои фархунда, ки файзи Иди саиди Қурбон фаро расидааст, ба ҳар яки шумо, ба хонадони ҳар кадоматон оромиву осоиш ва рӯзгори босаодат орзу менамоям. Ин ид, ки рамзи покӣ, бахшиш ва хайру саховат аст, дар дилҳои мо эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббатро бедор месозад.

   Тибқи андешаҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳикмати таҷлили ин иди муқаддас, пеш аз ҳама, дар эҳтиром ва шинохти қадру манзалати ҳамдигар, бахусус, падару модар ва дигар калонсолон зоҳир мегардад. Ин рӯз фурсатест барои шукронаи зиндагии орому осуда, омурзиши гуноҳҳо, татбиқи хайру саховат, тарғиби ростиву растагорӣ ва сафои ботини шахси мусулмон. Мо бояд бо ифтихормандӣ аз арзишҳои суннативу миллии худ донем, ки расму одоби адои намози ид ва қурбонӣ кардан танҳо аз ҷониби шахсони дорои имконияти мусоиди молӣ ба хотири дастгирии мардуми камбизоат ва ҷалб намудани мардуми доро ба хайру саховат муқаррар шудааст.

   Дар кишвари соҳибистиқлоли мо дар асоси Конститутсия ба шаҳрвандон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин кафолат дода шудааст. Равиши мантиқии бунёди давлати миллии мо талаб мекунад, ки ҳам арзишҳои маънавӣ, ҳам расму ойинҳо ва ҳам суннату анъанаҳои фарҳанги аҷдодӣ бояд барои таҳкими соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва амнияти давлату ҷомеа мусоидат намоянд. Зеро агар дар кишвар сулҳу осоиш барқарору пойдор набошад, мову шумо наметавонем, ки расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои милливу эътиқодиамонро амалӣ созем ва фаризаҳои динии худро ба ҷо оварем. Аз ин рӯ, ҳар яки мо масъулу вазифадорем, ки дар амалӣ намудани арзишҳои милливу динӣ манфиатҳои халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷиконро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем.

    Дар шароити бисёр ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир мо бояд сарҷамъу муттаҳид бошем. Саҳмгузорӣ дар пешгирии зуҳуроти номатлуби экстремистиву террористӣ ва вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодиамон дар татбиқи нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

    Хайру саховат, дастгирии ятимону маъюбон, сарфаю сариштакорӣ ва риояи меъёрҳои муқарраркардаи қонуни танзим, яъне таъмини волоияти қонун, тарбияи фарзандон, омӯзонидани илму дониш, касбу ҳунар ба онҳо ва омода кардани мутахассисони созандаву эҷодкор муҳимтарин корҳое мебошанд, ки бояд дар ин самт анҷом дода шаванд.

    Аз ин рӯ, бояд чун ҳарвақта заҳмат кашем, бахусус, ҳосили фаровони имсоларо, ки ба шарофати табиати биҳиштосо ва аз баракати кишоварзонамон муяссар гардидааст, беталаф ҷамъоварӣ намоем, кишти такрориро вусъат бахшем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва дар фикри захираи маводи ғизоӣ ва зиёд кардани содироти маҳсулот бошем.

   Бо нияти оромиву суботи ҳамешагӣ ва ваҳдати ҷовидони миллӣ бори дигар Иди саиди Қурбонро ба ҳамаи шумо – ҳамдиёрони азиз самимона табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, иқболи нек, барори кор ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям.

Ид муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.