Ба ифтихори воқеаи муҳими таърихӣ

«Анҷумани саодати халқ»,- чунин унвон дошт, чорабинии сиёсӣ - тарбиявии, ки бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори факултаи филологияи тоҷик, бо иштироки Файзуллохоҷа Атохоҷаев, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ҳозира «Ҳақиқати Суғд» дар солҳои 1989 – 1994 Ҷовид Аштӣ, намояндаи рӯзномаи «Ҷумҳурият», мухбири парлумонӣ дар радиои Тоҷикистон дар баргузории Иҷлосия,  Рустамҷон Юлдошев, мудири осорхонаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои таърих, Карим Шариф, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  Ҳабиба Ҷалилова, сармуҳаррири телевизиони вилояти Суғд, ҷавонтарин журналист дар баргузории иҷлосия, Муҳаббат Тиллохоҷаева, декани факулта, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Каримбой Комилов, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, устодону донишҷӯёни бахши журналистика баргузор гардид.

 

Ташаббускори чорабинӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ӯғулой Қосидова, бо шиносонидани ҳайати меҳмонон ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, аҳли иштирокчиёнро ба муносибати 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90 – солагии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муборакбод намуд. Таъкид гардид, ки баргузории Иҷлосияи сарнавиштсози миллат дар саҳифаҳои таърихи миллати куҳанбунёдамон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, зеро маҳз, Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олӣ ба давлатдории навини тоҷикон замина гузошт, қонун ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқиро қабул кард, ки рукнҳои давлатдориро муайян ва  таҳким бахшид.

Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олӣ аз ҷиҳати аҳамияти таърихии худ воқеаи хеле муҳим ва сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, дар таҳкими сохти давлатдории тоҷикон, ҳамчунин дар якпорчагии сарзамини Тоҷикистон мавқеи босазо дорад.

Марҳилаи нави таърихии кишвар дар ин Иҷлосия ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ин замина ва дар роҳи расидан ба сулҳу осоиш ва хотима додани ҷанги таҳмилӣ Роҳбари давлат ҳаёти худро дар хатар монда, ҷиҳати музокирот бо намояндаи гурӯҳҳои мусаллаҳ борҳо ба минтақаҳои ҷангзадаву хавфнок сафар намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат мардуми шарифи Тоҷикистон дар муддати кутоҳи таърихӣ дар ташаккули пояҳои давлатдории навин, эҳёи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талош намуда, ба муваффақиятҳои беназир комёб гардид.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки таҳти сарварии бевоситаи Президенти мамлакат ба даст омадааст, минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид.

Таҳким бахшидан ба давлатдории навини тоҷикон ва роҳи рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз муҳимтарин хидматҳои Пешвои муаззами миллат дар назди халқу Ватан маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки ҳанӯз дар рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шудан, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16-ум ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани худро изҳор доштанд ва минбаъд ин ҳадаф дар Конститутсияи тариқи райъпурсӣ қабулшудаи мамлакат инъикоси худро ёфт.

Ин санади муҳим таҳти роҳбарии бевоситаи Роҳбари давлат таҳия шуда, қабули он ба эъмори давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохти конститутсионӣ ва барқарор намудани фаъолияти мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ оғоз бахшид.

Дар идома Рустамҷон Юлдошев, мудири осорхонаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои таърих, Файзуллохоҷа Атохоҷаев, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ҷовид Аштӣ, намояндаи рӯзномаи «Ҷумҳурият», мухбири парлумонӣ дар радиои Тоҷикистон дар баргузории Иҷлосия,  Карим Шариф, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  Ҳабиба Ҷалилова, сармуҳаррири телевизиони вилояти Суғд, ҷавонтарин журналист дар баргузории иҷлосия, Муҳаббат Тиллохоҷаева, декани факулта, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Каримбой Комилов, оид ба «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар  таҳкими давлатдории навини тоҷикон” Нақши Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ” “Саҳми кормандони воситаҳои ахбори омма дар инъикоси ин воқеаи муҳими сарнавиштсоз» ва хизматҳои беназири Пешвои миллат назди халқу Ватан андешаҳои ҷолиб баён намуданд. Дар охир донишҷӯёни гуруҳи 108 – уми бахши журналистика композитсияи адабӣ, ки ифтихори ватандориро тараннумгар буд, пешниҳод намуданд.

Шаҳноза Зарипова, сармуаллимаи кафедраи «Технологияи иттилоот ва робита бо ҷомеа»  

 

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.