Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 – уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад.

Маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16 ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.

 Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовинони Раиси ноҳия, олимону шоирон, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ҳизбҳои сиёсӣ, адибон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, собиқадорон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии ноҳия,  занон, ходимони дин, кумитаҳои маҳалла, ҷавонони фаъол, варзишгарон ва кормандони воситаҳои ахбори омма, чорабини идона баргузор гардид. Чорабинии мутантан бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода кулли мардуми шарифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба муносибати ин рӯзи фархундаву таърихӣ муборакбод намуда, таъкид дошт, ки дар сарнавишту таърихи давлатдории халқиятҳо воқеаҳои муҳиму тақдирсозе бавуқӯъ омадаанд, ки барои табаддулоту таҳаввулоти он миллат ва дигаргунии раванди давлатдорӣ таъсири калон расонида, дар шаҳкитоби таърих ва зеҳни мардум чун ҳодисаи бузурги таърихӣ ва воқеаи сарнавиштсоз сабт шудааст.

Дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон низ Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Иҷлосияи тақдирсоз пазируфта шуда, он ба тақдири ояндаи тоҷикон таккони ҷиддӣ бахшид ва барои расидан ба ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ, пеш аз ҳама сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таҳкими сохти давлатдорӣ, якпорчагии сарзамини Тоҷикистон заминагузор гардид.

Мо - сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз он ифтихору шарафманд ҳастем, ки Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Анҷумани саодати миллати тоҷик маҳз дар макони меҳру  садоқат -Қасри “Арбоб”-и  хоҷагии ҷамоавии ба номи Саидхоҷа Ўрунхоҷаев ва маскани парвозгоҳи бузургон баргузор шуда, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун Иҷлосияи сарнавиштсоз, нақши барҷастаро касб кард ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ҳамин ҷо аз ҷониби вакилони мардумӣ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Яъне парвози баланди яке аз сиёсатмадорони шуҳратманди ҷаҳон, эҳёгари халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи бузурги сиёсати дунё аз парвозгоҳи маълуму машҳури ноҳияи ба номи алломаи беҳамто Бобоҷон Ғафуров ибтидо мегирад, ки аз ин шарафи бузургу фараҳбахш кулли сокинони ноҳия ифтихор доранд. Вақт ҳамчун довари бузургу беназир собит менамояд, ки кишвари мо таҳти раҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тўли қариб 31 соли соҳибистиқлолӣ ба музаффариятҳои беназир соҳиб гардид. Раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ сол аз сол вусъати тоза гирифта, ба марҳилаҳои нави рушд замина гузошт. Самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои умда давра ба давра густариш ёфта, ба ҷаҳониён Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона ба маънои комилаш муаррифӣ шуд.

Боиси ифтихор аст, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат мардуми шарифи Тоҷикистон дар муддати кутоҳи таърихӣ дар ташаккули пояҳои давлатдории навин, эҳёи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талош намуда, ба муваффақиятҳои беназир комёб гардид. Қариб 31 сол инҷониб бо талошҳои созандаву бобарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати ҷумҳурӣ ва мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла бошандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамаи самтҳо ба қуллаҳои бузурги шукўҳу нусрати Истиқлолияти давлатӣ расид. Имрўзҳо ҳар гўшаву канори кишварро зебову обод ва ҳар оиларо пурнишот мебинем, ки аз самараи заҳмати шабонарўзии мўҳтарам Пешвои миллат дарак медиҳад.

    Дар ин радиф, музаффариятҳои ноҳияи калонтарини ҷумҳурӣ - Бобоҷон Ғафуровро низ метавон ба шоистагӣ таъкид кард, ки туфайли соҳибистиқлолӣ ва ҳидоятҳои фардонамои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба рушду такомул ёфт.

Мардуми шарафманди ноҳия баҳри расидан ба қуллаҳои мақсуд дар марҳилаи ҷадид даврони созандаи таърих, яъне соҳибистиқлолии кишвар азму субот нишон дода, ба натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ шарафёб гардиданд.

Татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, силсилаи барномаҳои соҳавии умумидавлатӣ, сафарҳои саодатовари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят, аз  ҷумла ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастур, супориш ва кўмаки ҳамаҷонибаи Садри муаззами кишвар, барои рушди минбаъдаи ноҳия заминаи боэътимод гузоштанд.

Дар ин давра дар ноҳия бо мақсади таъмини афзоиши устувори  нишондиҳандаҳои иқтисодӣ диққати аввалиндараҷа ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, рушди бахши аграрӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ, тадриҷан баланд намудани талаботи бозори дохилӣ ҳамчун омили асосии таъмини рушди бемайлони иқтисодӣ, такмил ва самаранокии соҳаи молия, тадриҷан баланд бардоштани даромади буҷет, таъмини мақсадноки хароҷоти маблағҳо, сол ба сол афзоиш ёфтани маҷмӯи маҳсулоти дохила равона карда шуд. Истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда, усулҳои нави роҳбарӣ, ташаббускориву мустақилӣ, саривақт андешидани тадбирҳои судманд имконият дод, ки ба нишондиҳандаҳои  назаррас ноил гардем.

 Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохила аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, сохтмону алоқа, савдою хизматрасонӣ таъмин гардид.

Шоёни зикр аст, ки раванди пешравӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, адабиву фарҳангии ноҳия аз боварию эътимод, меҳру самимият ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин диёр ва мардуми меҳнатқирини он шаҳодат медиҳад, зеро ҳар боре, ки сафарҳои кории Садри муаззами кишвар ба вилояти Суғд бавуқӯъ меояд, албатта қадамҳои саодатбори он кас дар ноҳия низ бо камоли ифтихормандӣ сурат мегирад ва аз он нерӯи пешрафт афзун мегардад. Агар ба солномаи таърих нигарем, давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ чандин маротиба ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар кушодашавии иншоотҳо ва чорабиниҳои таърихиву фарҳангӣ иштирок намудаанд, ки чунин муҳаббат, садоқат ба як гӯшаи ин диёри биҳиштосо боиси ифтихор ва саодати бепоён мебошад. 

  Имрӯз мардуми хушиқболи кишвар аз ҳавои истиқлоли комил нафаси озод мекашанд, ободию шукуфоии Ватан ва беҳбудии рӯзгори хешро аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, шукри айёми осоиштаву обод мекунанд.

Ғамхориҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода идомаи пайгиронаи сиёсати Сарвари мамлакат мебошад, ки он дар ободкорию созандагии шаҳру навоҳии вилоятамон таҷассуми воқеии худро ёфтааст.

Дар идома изҳори боварӣ карда шуд, ки тамоми мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дарки қадру қиммат ва арзиши таърихии истиқлол ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат, махсусан сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷашни бузурги таърихӣ - 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ноҳия мизбони ин чорабинии бошукуҳ мебошад ва 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Дар идома барномаи калони фарҳангӣ аз ҷониби ҳофизони номвари бахши фарҳанги ноҳия пешниҳод гардид, ки тараннумгари ифтихори ватандорӣ, шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи Пешвои миллат ва меҳру муҳаббату садоқати бепоёнро ифода менамуд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.