Мумфаркунии роҳи Навобод

Дар доираи иҷрои нақша-чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ, 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад.

Дар ин замина имрӯз бо иштироки Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода дар деҳаи Навобод мумфаршкунии роҳи асосии деҳа ба масофаи 7 км оғоз гардид.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.