МУБОРАКБОДИИ Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Бо самимияти афзун, ифтихори баланди ватандорӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ тамоми мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба муносибати муқаддастарин ҷашни давлатӣ - 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод менамоям. 

 31 сол муқаддам, барои халқи тамаддунофари мо имконияти беназири таърихие фароҳам омад, ки ба падидаи бузурги милливу давлатӣ ноил гардида, бо ифтихору сарфарозӣ, бо эҳсоси баланди худшиносӣ ватани худро соҳибӣ кунем, ба миллати тоҷик саҳифаи нави давлатдории миллии мустақилро боз намоем.

Истиқлолу озодӣ, арзишмандтарин дастоварди халқи куҳанбунёди мо маҳсуб ёфта, Тоҷикистони азизамонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд эътироф кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шарофати ҳамин истиқлолияти комил ба даст омадааст. Имрӯз Ватани маҳбубамон байни кишварҳои мутамаддин мавқеи шоистаро касб кардааст.

Дар ҳақиқат истиқлол мояи ифтихори ҳар як соҳибватан мебошад ва бояд дар хотир дошт, ки баҳри расидан ба он мардуми мо чӣ қадар мушкилоти сахту сангинро паси сар кардаанд. Махсусан солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҷониби хоинони миллат ба ҷанги таҳмилӣ кашида шудани кишвар, ба вартаи ҳалокат расонидани давлати навбунёди тоҷикон чӣ қадар фоҷеаҳои хунинро ба миён овардаанд. Манфиатҷӯён бо ҳар роҳу восита мехостанд, ин давлати тозаистиқлолро аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест кунанд ва миллатро пароканда созанд.

Шукрона, ки зери сиёсати хирадмандонаи Меъмори сулҳ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои солими ҷомеа зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ сарҷамъ шуда, ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ корномаи бемисл нишон додаанд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат ҳамеша таъкид месозанд, ки «…сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо – тоҷикон ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳаммияти калидӣ доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад.»

Имрӯз мардуми хушиқболи кишвар аз ҳавои истиқлоли комил нафаси озод мекашанд, ободию шукуфоии Ватан ва беҳбудии рӯзгори хешро аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, шукри айёми осоиштаву обод мекунанд.

Ғамхориҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода идомаи пайгиронаи сиёсати Сарвари мамлакат мебошад, ки он дар ободкорию созандагии шаҳру навоҳии вилоятамон таҷассуми воқеии худро ёфтааст. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо меҳнаткашони сарбаланди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ баҳри истиқболи ин ҷашнҳои пуршукӯҳ ва муборак бо рӯҳу илҳоми тоза ва ғайрати дучанд кор карда истодаанд.

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ вазъи сиёсии кишварамон устувор гардида, имрӯзҳо мову шумо барои рушди босуботи ҳамаи самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ қадамҳои устувор гузошта истодаем. Марҳилаи бунёдкориву созандагӣ босуръат ҷараён дорад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлол ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар як шахси огоҳу бонангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар як фарди Ватан мебошад.

Итминони комил дорам, ки тамоми мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дарки қадру қиммат ва арзиши таърихии истиқлол ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷашни бузурги таърихӣ - 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ноҳия мизбони ин чорабинии бошукуҳ мебошад, бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди ноҳияамон ва кулли ҳамватанонамонро ба ифтихори ҷашни озодиву соҳибихтиёрии сарзамини аҷдодиамон самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар фарди кишвар хушбахтӣ, файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.