БА СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ№8 САНГИ АСОС ГУЗОШТА ШУД

Субҳи 1-уми сентябр раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода, бо ҳамроҳии Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ситоди корӣ бахшида ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№8 - и ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, баъди муборакбодии омӯзгорону толибилмон бо Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил ба сохтмони бинои иловагии муассисаи мазкур, ки бо тарҳу намуди муосир барои 450 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, санги асос гузоштанд.

 

Иттилоъ дода шуд, муассисаи таъсилоти миёнаи умумии№8 – деҳаи Қалъача соли 1984 барои 1200 нафар хонанда дар ду баст сохта ба истифода дода шуда, бо зиёдшавии аҳолӣ чанд соли охир ба бинои иловагӣ эҳтиёҷ дошт. Айни ҳол дар муассиса 2300 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 150 нафар омӯзгорон кору фаъолият менамоянд. Мавриди сохта ба истифода додани бинои иловагӣ шароити таълиму тадрис дар муассиса бамаротиб беҳтар гардида, фанҳои таълимӣ дар утоқҳои махсусгардонидашуда бо шаклҳои муосир баргузор хоҳанд шуд.

Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни суханронӣ дар назди сокинони маҳал аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои рӯзафзуни раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки соҳаи маориф ҳамчун соҳаи калидӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши барҷаста дошта, он ҳамеша дар меҳвари таваҷҷӯҳ қарор мегирад. Шароити мусоид фароҳам овардан ба камолоти насли наврасу ҷавон, ин ғамхорӣ ба ояндаи давлату миллат мебошад. Бинобар ин, соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки ҷомеа ҳамаи моро водор месозад, ки бештару беҳтар ба ин самт тадбирҳои судмандро амалӣ гардонем. Изҳори боварӣ карда шуд, ки иншооти мазкур ба муносибати 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода мешавад.

Дар интиҳо Ҷумъабой Дадобоев, пири рӯзгордидаи деҳаи Қалъача изҳори сипосмандии ҳамдеҳагонро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷуҳи доимӣ ба насли ояндасози миллат расонид. Дар интиҳо аҳли деха  ба оғози ин кори хайру сахо дасти дуо бардоштанд.

Дар ин рӯз ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№8 аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои пешрафти раванди таълиму тарбия як тахтаи электронӣ, як таҷҳизоти чопӣ (принтер) ва 5 компютер аз ҷониби раиси ноҳия тақдим карда шуд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.