Сухан аз ваҳдату худшиносӣ

Тоҷибой Султонзода –мудири шӯъбаи робита бо ҷомеа ва масоили иҷтимоии дастгоҳи Раиси вилоят баъди ироаи муборакбодии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар мавриди дастовардҳои муҳими адабиву фарҳангӣ дар солҳои истиқлолияти кишвар сухан кард.
Аслиддин Низомӣ , профессор, доктори илмҳои санъатшиносӣ дар мавзӯи “Нақши ҳунар ва ҳунармандон дар ҷараёни расидан ба ҳадаф ҳои стратегии миллӣ” маърӯзаи доманадоре намуда, аз мақому манзалати сухан, адабиёт, фарҳанг ва ҳунар дар мавриди расидан ба ҳадафҳои олии миллӣ изҳори назар намуд. Мавсуф оид ба рисолати адибону олимон, аҳли адабу фарҳанг, ҳунармандон дар замони муосир нуктаҳои ҷолиб баён намуда, маърифати баланд, дарку фаҳмиши дурусту амиқ, назари фарох ва дурбинро аз омилҳои муҳими рушди ҷомеа арзёбӣ кард.
Шоир Темурмалик Рустамов дар мавриди нақши суханварон дар пойдории ваҳдати миллӣ сӯҳбати ҷолиб намуд. Раиси Шӯрои дини вилояти Суғд адабиётшинос ва суханвар Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода оид ба ваҳдат ва пояҳои маънавии он изҳори назар карда,чанд шеъри тозаэҷодашро барои ҳозирин қироат намуд. Суруду оҳангҳои дилнавоз дар иҷрои ҳунармандон Ҳусейнҷон Юсупов, Муҳиддин Ғозиев ва Шавкатҷон Миршарипов дар васфи Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ садо дод.
