Мулоқоти Раиси ноҳия бо сокинони деҳоти Унҷӣ

Тибқи нақшаи Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба  интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба ивази вакили хориҷшуда санаи 16.02.2021 мулоқоти пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси вилоятӣ аз ҳавзаи интихоботии «Унҷӣ №65» Давлатзода Зафарбек бо интихобкунандагон ва рӯзи қабули шаҳрвандони деҳоти Унҷӣ баргузор гардид.

Қабл аз мулоқоти мазкур иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷанде аз маъюбон ва оилаҳои камбизоати деҳоти Унҷиро аёдат намуд.

Мулоқотро раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба  интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба ивази вакили хориҷшуда Дадохӯҷаев Н. оғоз намуда, эълон дошт, ки мулоқоти имрӯза бо номзад ба вакили Маҷлиси вилоятӣ аз ҳавзаи интихоботии «Унҷӣ №65» Давлатзода Зафарбек баргузор шуда истодааст. Шахси боэътимоди номзад ба вакилӣ Дилбар Осимова ҳолнома ва барномаи пешазинтихоботии Давлатзода Зафарбекро муаррифӣ намуд. Дар навбати худ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек ҷиҳати амалӣ гардонидани барномаи пешазинтихоботии худ изҳори ақида баён намуд.

Баъди ба итмом расидани мулоқоти пешазинтихоботӣ дар заминаи арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Давлатзода Зафарбек ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии сокинони деҳот ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастуру супоришҳо баён дошт.

Иштирокдорони маҷлис аз мулоқоти озоду самимии Раиси ноҳия изҳори қаноатмандии худро баён намуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.