ИСТИФОДАИ САМАРАНОКУ МАҚСАДНОКИ ЗАМИН
Шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти истифодаи самараноку мақсадноки замин таҷрибаи ғанӣ дошта, ҳамасола бо истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дар таъмини бозори дохилӣ ва афзун гардонидани содироти маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Дар хоҷагиҳои деҳконии ба номи Турсунбой Қӯшатов ва Абдураҳим Ҷӯмаев фаъолияти кишоварзон намунавӣ арзёбӣ мешавад. Айни ҳол нашъунамои пахта ва рафти кишти такрорӣ дар ин ду хоҷагии пешқадам дар сатҳи қаноатбахш қарор дошта, аз заҳмати пайвастаи кишоварзон шаҳодат медиҳад. Ба иттилои масъулин, дар соли ҷорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 7500 гектар пахта кишт шудааст. Ҳамзамон, дар масоҳати 3400 гектар кишти такрории зироатҳои гуногуни кишоварзӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз хоҷагиҳо ба масъулин дастур дод, ки истифодаи оқилонаи замин, таъмини саривақтии оби полезӣ, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзиро таъмин намоянд. Таъкид гардид, ки рушди устувори соҳа танҳо бо назорати доимӣ, татбиқи таҷрибаи пешқадам ва дастгирии деҳқонон имконпазир аст.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят як қатор сокинони ниёзманди ноҳияро аёдат намуда, ба онҳо аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумаки моддӣ расонд.
Аз ҷумла, Хуршеда Набиҷонова — собиқадори соҳаи маориф, ки зиёда аз 45 сол дар тарбияи насли наврас саҳм гузоштааст, ва Шавкат Ҳоҷибоев — маъюби гурӯҳи якум, ки 48 сол дорад, аёдат шуданд. Шахсони аёдатшуда аз ин таваҷҷуҳ изҳори хушнудӣ намуда, барои ғамхориҳои пайваста ва дастгириҳои беандоза ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдории самимии худро баён карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд