ВАРЗИШ - ГАРАВИ САЛОМАТӢ ВА ПОЯИ ХУШБАХТӢ!
Субҳи имрӯз бо мақсади таҳкими саломатии аҳолӣ, рушди варзиши оммавӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ ва дигар бахшҳову сохторҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинии муҳими варзишӣ - машқи пагоҳирӯзӣ доир гардид. Ин иқдоми наҷиб, ки бо иштироки фаъолонаи ҳайати кормандон сурат гирифт, бори дигар собит намуд, ки варзиш на танҳо гарави саломатӣ, балки кафили рӯҳияи болида ва зиндагии пурсамари инсон аст.
Машқи пагоҳирӯзӣ, ки дар фазои дӯстона ва пур аз нерӯи мусбат ҷараён гирифт, ба ҳамаи иштирокчиён имкон дод, ки рӯзи худро бо тозагӣ ва нерӯи нав оғоз бахшанд. Чунин чорабиниҳо на танҳо ба таҳкими саломатии ҷисмонӣ мусоидат мекунанд, балки боиси баланд бардоштани рӯҳияи корӣ, таҳкими робитаҳои байниҳамдигарии кормандон ва эҷоди фазои солим дар ҷомеа мегарданд.
Масъулини ноҳия талош доранд, ки тавассути чунин тадбирҳо фарҳанги варзишро дар байни тамоми қишрҳои аҳолӣ густариш дода, аҳамияти онро дар ҳаёти ҳар як фард ва ҷомеа боз ҳам бештар дарк намоянд. Варзиш инсонро обутоб медиҳад, иродаашро қавӣ мегардонад ва ӯро ба сӯи комёбиҳои нав раҳнамун месозад.
Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”