МУРОҶИАТНОМАИ МАРКАЗИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГИИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Ба таваҷҷӯҳи роҳбарони бозорҳо, марказҳои савдо, муассисаҳои хӯроки умум ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ!

Бо фарорасии фасли гармо, ки эҳтимолияти пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва ҳолатҳои заҳролудшавӣ аз маҳсулоти хӯрокворӣ зиёд мегардад, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хотири таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ тавсияҳои қатъӣ медиҳад.

1.ТАЪМИНИ ШАРОИТИ МУСОИДИ САНИТАРӢ

Барои пешгирии паҳншавии бемориҳо ва нигоҳдории дурусти маҳсулот, бозорҳо ва марказҳои савдо бояд бо таҷҳизоти технологӣ, яхдонҳо, асбобҳои ченак ва шароити шустушӯи асбобҳои ченак пурра таъмин бошанд. Ҳамчунин, зарур аст, ки маълумот оид ба манбаъҳои воридшавии мол, сифат ва бехатарии он ҳатман дастрас бошад. Кормандон ва фурӯшандагон низ вазифадоранд, ки аз муоинаи пешакӣ ва даврии тиббӣ гузашта, бо либоси махсуси корӣ таъмин карда шаванд. Риояи қатъии гигиенаи шахсӣ ва ҷойгиршавии дурусти нуқтаҳои савдо мувофиқи талаботи санитарӣ ҳатмист.

2.МАҲСУЛОТИ МАНЪШУДА БАРОИ ФУРӮШ

Барои пешгирии хатарҳои саломатӣ, фурӯши маҳсулоти зерин дар бозорҳо ва марказҳои савдо қатъиян манъ аст:

  • Маҳсулоти қаннодии дар хона тайёршуда;
  • Мавод ва маҳсулоти қаннодии кремдор, ки дар муассисаҳое истеҳсол шудаанд ва хулосаи санитарӣ-эпидемиологии мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологиро надоранд;
  • Маҳсулотҳои қаннодии кремдоре, ки нишондиҳандаҳои талабот нисбати борбандӣ, тамғагузорӣ, сифат, бехатарӣ, мӯҳлати истифодабарӣ ва шароити нигоҳдорӣ надоранд;
  • Маҳсулоти консервашудаи истеҳсоли хонагӣ, калла-поча, шикамбаҳои ҷӯшонидашуда ва яхнӣ;
  • Гӯшти қима, маҳсулоти гӯштии тайёр, ҳасибҳо, ҳамаи намудҳои маҳсулоти ширӣ бе истифода аз яхдонҳои ҳароратсанҷдошта;
  • Сихкабоби аз гӯшти қима тайёркардашуда дар нуқтаҳои савдои мавсимӣ, бозорҳо ва кӯчаҳо;
  • Нӯшокиҳои ташнашикан бо воситаи аробачаҳо, шарбат ва коктейлҳои ширӣ, яхмоси мулоим аз фрейзерҳо дар кӯчаҳо ва майдонҳо;

3.ТАЛАБОТ БА СЕХҲОИ ҚАННОДӢ ВА МУАССИСАҲОИ ХӮРОКИ УМУМ:

Сехҳои қаннодии истеҳсоли маҳсулоти кремдор бояд ҳуҷраҳое дошта бошанд, ки ба талаботи гигиенӣ мувофиқат кунанд: анбор барои маҳсулоти хом, сехҳои коркард, пухтупаз, ороишӣ ва нигаҳдории маҳсулоти тайёр. Ҷойи шуста ва безараргардонии тухм бояд алоҳида ташкил карда шавад. Ҳуҷраҳо бо мизҳои коркарди маҳсулот таъмин ва тозаю озода нигоҳ дошта шаванд. Кормандон бояд бо либоси махсуси корӣ, ҳуҷраи ивази сару либос ва ҷойи шустушӯ таъмин бошанд. Доштани дафтарчаи тиббӣ бо қайди гузаштан аз муоинаи тиббӣ барои ҳамаи кормандон ҳатмист. Мӯҳлати нигоҳдории маҳсулоти қаннодӣ аз истеҳсол то фурӯш набояд аз 72 соат (3 рӯз) зиёд бошад.

Ҳар як муассисаи хӯроки умум бояд ба хатти оби равон ва ташноб пайваст бошад. Анборҳо барои нигоҳдории маҳсулоти хом бо шароити зарурӣ таъмин бошанд. Муассиса бояд аз сехҳои коркарди маҳсулоти хом (сабзавот, маҳсулоти ордӣ, гӯшт), сехи пухтупаз ва шустушӯй иборат бошад. Риояи пайдарпаии коркарди технологӣ, рӯпӯши гигиенӣ дар фарш ва деворҳо, инчунин системаи мувофиқи ҳавоивазкунӣ ҳатмист. Сехҳо бояд бо яхдонҳо барои маҳсулоти хом ва пухта таъмин карда шаванд. Ҳар як муассиса бояд бо хулосаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ фаъолият дошта бошад. Шустушӯи зарфҳо дар алоҳидагӣ ва таъмин будан бо оби равону гарм ҳатмист. Барои боқимондаҳои ғизо, муассиса бояд бо бакҳои сарпӯшдор таъмин бошад.

4.МАСЪУЛИЯТ ВА ЧОРАҲОИ ҚОНУНӢ

Ёдовар мешавем, ки фурӯши маҳсулоти хӯроквории хатарнок ба саломатии инсон зарарнок аст, зеро онҳо метавонанд дар таркибашон микроорганизмҳо, бактерияҳо ва моддаҳои кимиёвии аз меъёр зиёд дошта бошанд. Кормандон ва фурӯшандагон барои иҷрои корҳое, ки бевосита ба хизматрасонии истеъмолкунандагон алоқаманданд, бояд таҳсилоти дахлдор ва омодагии гигиении касбӣ дошта бошанд. Ба кори савдо ва хизматрасонӣ шахсоне, ки иҷозатномаи дахлдори тиббӣ надоранд ва ноболиғон ҷалб карда намешаванд.

Ҳангоми иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо ва дар сурати саркашӣ намудан аз ин талабот, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба зиммаи роҳбарияти бозорҳо, марказҳои савдо, супермаркетҳо, муассисаҳои хӯроки умум ва дигар намудҳои хизматрасонӣ гузошта шудааст, нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Аз ҳамкории Шумо умедворем, зеро саломатии миллат дар дасти мост!

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.