ҲНИ - ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ҷамоати деҳоти Ғозиён бо иштироки омӯзгорону хонандагон ва волидайн мулоқот баргузор гардид. Директори таълимгоҳ Башорат Неъматова ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳамзамон қайд кард, ки 14-уми сентябри соли 2022 Суди Олии Россия маҳз ба хотири пешгирӣ аз терроризм ва таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар иқдоми одилона ва саривақтӣ гирифта, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломро дар қаламрави ин кишвар манъ кард. Баъдан омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоxик Шафоат Алибоева дар мавзӯи "ТТЭ ҲНИ дар Федератсияи Россия ташкилоти террористӣ эътироф шуд" баромад намуд.

 

-Ин иқдом аҳмияти бузурги таърихӣ дорад, зеро аввалин маротиба аз ҷониби яке аз давлатҳои абарқудрат ТТЭ ҲНИ ташкилоти террористӣ шинохта шуда, фаъолияташ дар ҳудуди кишвар манъ карда шуд. Сабабгори ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 бедодгариҳои ТТЭ ҲНИ буд, ки беш аз 150 ҳазор сокини кишвар кушта, зиёда аз 1 миллион нафар гуреза шудаанд. Ба иқтисодиёти кишвар 10 миллиард доллари ИМА зарар расонида шуда, таъсири харобиовари он то ҳол эҳсос мегардад. Имрӯз як гуруҳ ҳаммаслакони ин ташкилот дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, фаъолияти тахрибии хешро бар зидди кишвари мо идома дода истодаанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст пайвандону ҳамватанонамон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд огоҳ намоем, ки бо ҷонибдорон ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ робита ва ҳамкорӣ накунанд. Алоқамандӣ бо ин ташкилоти террористӣ аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбаташон чораҳои қонунӣ татбиқ мегарданд, -гуфт ӯ.

Дар ҷамъомад ҳамчунин чанде аз омӯзгорону толибилмон ва волидайни онҳо баромад намуда, қайд карданд, ки аз ҷониби Суди Олии Россия қабул гардидани ин ҳукм одилона ва саривақтӣ мебошад. Душманони миллат бо ҳар роҳ мехоҳанд оромию осоиштагии Ватани азизамонро аз байн бубаранд. Аз ин рӯ ба таълиму тарбияи насли наврас махсусан ҷавонон эътибори махсус диҳем, то ки ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд. Дасти ҳам гирему диёрамонро боз ҳам обод ва ҳамеша омодаи хизмати халқу Ватан бошем.

Раҳима РУСТАМОВА,

омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ҷамоати деҳоти Ғозиён

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.