ШОГИРДОНИ МО - ГИРАНДАГОНИ МЕДАЛИ ТИЛЛО

Ифтихор

      Дирӯз дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе маросими бошукӯҳи ҷоизасупории Озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, инчунин аттестати аълои равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра баргузор гардид. Ин чорабинӣ, ки таҷассумгари таваҷҷуҳи хосаи давлат ба маориф ва илм аст, бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳим Саидзода сурат гирифт.

    Вазири маориф ва илм, Раҳим Саидзода, маросимро ифтитоҳ намуда, ғолибони озмунро ба муносибати дастовардҳои назаррасашон самимона табрик гуфт. Ӯ дар суханронии худ таъкид кард, ки баргузории чунин озмунҳо натиҷаи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мавсуф афзуд, ки Пешвои миллат ҳамеша ба рушди соҳаи маориф, боло бурдани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани шароити замонавӣ барои хонандагону донишҷӯён аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Ин диққати пайваста ба соҳаи маориф имкон медиҳад, ки насли ояндаи кишвар бо донишу малакаҳои муосир мусаллаҳ гарданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи ҷамъбасти озмун аз миёни 120 нафар довталаб, 73 нафар сазовори аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра гардиданд:

  • 10 нафар сазовори аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло;
  • 39 нафар сазовори аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло;
  • 2 нафар сазовори аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра;
  • 19 нафар сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло;
  • 3 нафар сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали нуқра.

   Дар қатори дигар довталабони муваффақ, хатмкунандагони МТД махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фараҳноз Азамзода, Шоҳзода Олимова, Фараҳноз Кенҷаева ва хатмкунандаи Гимназияи №2 Муздалифа Рӯзиева низ пас аз дарёфти муваффақона дар имтиҳонҳои давлатӣ ва бо нишон додани сатҳи баланди дониш, ахлоқ ва рӯҳияи ватандустӣ, бо медали тиллои равиявӣ ва аттестати аъло сарфароз гардиданд.

   Дар идомаи маросим ба ҳамаи ғолибон «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм супорида шуд. Ин эътирофи расмӣ на танҳо як рамз аст, балкиангезандае барои хонандагон барои идома додани таҳсил ва саҳм гузоштан дар рушди ояндаи кишвар мебошад. Чунин чорабиниҳо на танҳо дастовардҳои имрӯзаро қадрдонӣ мекунанд, балки барои насли оянда роҳи равшанеро боз менамоянд.

Ин маросим бори дигар собит кард, ки сармоягузорӣ ба маориф ва илм яке аз самтҳои калидии сиёсати давлати Тоҷикистон аст ва ин сармоягузорӣ аллакай самараҳои назаррас дода истодааст.

Шогирдони ноҳияро бо ин дастоварди баланд, ки ифтихори аҳли диёри "Парвозгоҳи бузургон" гардиданд, бо самимияти афзун муборакбод намуда, ба фаъолияти минбаъдаашон сарфарозиҳои беназирро хоҳонем!

 

 

Ҳайати эҷодии “Парвозгоҳи бузургон”- нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.