Иҷтимоиёт

Мо, ҷонибдори сулҳем!

Айни ҳол вазъи кунунии қаламрави ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Парвиз Халифаёр хуб арзёбӣ карда, зикр дошт, санаи 29 - уми апрели соли равон бар асари муноқишаи марзӣ истиқоматкунандагони назди сарҳадӣ ба макони бехавф кӯчонидашуда, амнияти сокинон таъмин шуда буданд. Ин соатҳо дар маҳаллаи Қалъача сокинон ба ҳолати орому муқаррарӣ боз мегарданд.

Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати деҳоти Овчиқалача низ зимни суҳбат илова намуд, ки мардум ҷонибдори рафоқату ҳамдигарфаҳмист бо кишвари ҳамсоямарзи Қирғизистон буда, омода ҳастанд дӯстиву бародарии тарафайнро аз рӯи меҳру садоқати ҳамсоядорӣ побарҷо нигоҳ доранд. – Мо ҷонибдорӣ сулҳем, мегӯяд Абдуҳамид Одинаев.

МУНОСИБАТҲОИ ҲАМСОЯГӢ БОЯД ХАЛАЛ НАЁБАД

То ин муддат мо, сокинони Ҷамоати деҳоти Овчи-Қалъача бо мардуми ҳамсоямарзи қирғиз дар дӯстиву ҳамсоягӣ ва муросову ҳамкорӣ зиндагӣ доштем. Рӯзи гузашта, яъне санаи 29-уми апрели соли равон якбора дар маҳаллаи мо-Овчӣ нотинҷӣ шуда, садои тирпарронӣ ба амал омад. Ҳамин тавр шуд, ки аз хавотирӣ мардум-занону бачаҳои маҳаллаҳо ба ҷойҳои дигари бехавф кӯчонида шуданд-мегӯяд Мавҷуда Ғафурова, мудираи кӯдакистони рақами 13, деҳаи Овчӣ.

Рӯзи гузашта пас аз нисфирӯзӣ ва тамоми шаб бо ҳарбиён тинҷиву оромии маҳалларо нигоҳ доштанд.

Имрӯз бошад, ҳама ҷо ором аст ва мардум ба манзилҳои худ баргашта истодаанд. Ба ҳар ҳол барои эҳтиёт имрӯз бачагон ба мактаб ва кӯдакистон нарафтаанд.

-Аслан сокинони деҳаи Овчӣ ва мардуми қирғизро канали калон ҷудо мекунад.  Вале бояд гӯем, ки мардуми ду халқ ягон маротиба бо ҳам муноқиша накардаанд. Ҳатто, қирғизҳо тамоми хариди озуқаи худро аз бозори деҳаи Овчӣ мекунанд. Мо, сокинони деҳа ба омаду рафти қирғизҳо  ягон норозигӣ ва ё нобоварӣ ифода накардаем. Мо ҷонибдори робитаҳои неки ҳамсоягием. Ва боварӣ дорем, ки барои идомаи ин дӯстиву ҳамсоягӣ, ки асрҳои аср давом карда меояд, мардуми қирғиз низ кӯшиш карда, барои халалдор нагаштани муносибатҳо мекӯшанд - афзуд мавсуф.

 www.hakikati-sugd.tj

Гардиши хона ба хона оид ба пешгирии бемории сироятӣ

Аз моҳи апрели соли 2020 инҷониб то имрӯз табибони тибби оилавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавии муассисаҳои сохтори Шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ – санитарии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо роҳбарии Қосимова Малика Султоновна баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавируси Ковид-19 ҳафтод маротиба гардиши хона ба хона гузаронида, ба шаҳрвандон фаҳмониданд, ки қоидаҳои тиббии беҳдоштиро риоя намоянд, саломатии худ ва пайвандонашонро ҳифз намоянд.

Ба оилаҳое, ки бемориро аз сар гузарониданд, дар як рӯз то се маротиба ҳолати бемор аз ҷониби ҳамшираҳои тибби оилавӣ санҷида шуда, то имрӯз ҳамин тарзи корбарӣ идома дорад.

Б.Ғафуров: Аёдати ҷавондухтарони имконияташон маҳдуд

Саховату эҳсон, дасти ёрӣ дароз намудан ба барҷомондагону нафарони имконияташон маҳдуд аз амалҳои неку шоистаи инсонӣ маҳсуб ёфта, иҷрои ин фазилати неку ҳамида амалест савоб ва қарзи инсонии ҳар шахси солиму саломат назируфта шудааст. Махсусан дар рӯзҳои иду ҷашнҳо шодиву хурсандӣ овардан ба чунин афроди ниёзманд, аз беҳтарин амалҳои неки инсонӣ маҳсуб мегардад, ки роҳбарият ва роҳбарони сохтору бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров онро дар меҳвари таваҷҷӯҳ қарор додаанд.   

Бахшида ба Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ - ҷавондухтарони имконияташон маҳдуди ҷамоати деҳоти Исфисор аз ҷониби мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Давронзода Дилшод ва директори мактаби варзиши№1-и ноҳия Равшанбек Мақсудов аёдат карда шуда, ба аҳли оилаи ҷавондухтарони имконияташон махдуд Паёми муборакбодии Раиси ноҳияи Б.Ғафуров Зафарбек Давлатзода расонида шуд. Гуфта шуд, ки ин қишри ниёзманди ноҳия ҳамеша дар паноҳи давлату ҳукумат қарор дошта, ҳамарӯза ба дастгириву ғамхорӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.

Ҳамзамон дар ин рӯз ба ин гуна оилаҳо кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.