МУБОРАКБОДИИ Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо ҳамаи мову шумо дар остонаи бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллиамон – 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Маҳз истиқлоли давлатӣ ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, то ки ормонҳои деринаи халқамон амалӣ гардида, зиндагонии осоиштаву озодонаи мардум таъмин гардад.
Дар ин рӯзҳои идона тамоми мардуми ноҳияро ба ифтихори ин ҷашни таърихиву тақдирсоз табрику таҳният гуфта, барояшон сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва хонадони обод орзу менамоям.
Мардуми хушиқболи кишвар, ки аз ҳавои истиқлоли комил нафаси озод мекашанд, ободию шукуфоии Ватан ва беҳбудии рӯзгори хешро аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, шукри айёми осоиштаву обод мекунанд.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ вазъи сиёсии кишварамон устувор гардида, имрӯзҳо мову шумо барои рушди босуботи ҳамаи самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ қадамҳои устувор гузошта истодаем. Марҳилаи бунёдкориву созандагӣ босуръат ҷараён дорад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлол ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар як шахси огоҳу бонангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар як фарди Ватан мебошад.
Итминони комил дорам, ки тамоми мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дарки қадру қиммат ва арзиши таърихии истиқлол ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди ноҳияамон ва кулли ҳамватанонамонро ба ифтихори ҷашни озодиву соҳибихтиёрии сарзамини аҷдодиамон самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар фарди кишвар хушбахтӣ, файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям.
Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
Раиси ноҳияи
Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода