ҶИНОЯТИ НАШЪАҶАЛЛОБОН ПУШИДА НАМОНД
Пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад.
Аммо дар ҷомеа нафароне пайдо мешаванд, ки бар хилофи зиндагии шоиста амал намуда, бо кирдорҳои номатлуб шаъну шарафи инсонӣ, эҳтирому эътибори худро аз даст дода, барои ҷомеа низ хатар эҷод менамоянд.
Аз зумраи чунин нафарон Саидов Садриддин Алиддинович, Ҳангомаи Ибодуллоҳ ва Ҷабборов Олимҷон Дадоевич мебошанд, ки бо сабаби дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Хуҷанд ва Бӯстон ба хариду фурӯши моддаҳои психотиропии навъи “метамфетамин” машғул будан ва худ истеъмолкунандаи ин мавод ҳисобида шуданашон бо моддаи 200 қисми 3 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, аз 13 майи соли 2025 аз ҷониби суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳукм бароварда шудааст.
Шарҳи ин ҳолат нишон медиҳад, ки моҳи январи соли 2025-ум бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян мегардад, ки аз ҷониби нафарони болозикр содиршавии ҷиноят ба миён омадааст. Бинобар ин аз 1-уми-феврали соли 2025-ум парвандаи санҷишӣ- оперативии пешакӣ оғоз карда шуда, Ҳангомаи Ибодуллоҳ ва Ҷабборов Олимҷон Дадоевич санаи 07-феврали соли 2025-ум ҳангоми ба фурӯш баровардани моддаҳои психотиропии наъви “метамфетамин” дастгир карда шуданд. Зимни идомаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Саидов С.А. низ, дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, ҳангоми кофтуков аз танаи номбурда 29,1 грамм моддаи психотиропии навъи “метамфетамин” дарёфт ва тариқи тартиб додани санади гирифт, барои гузаронидани ташхис ба Шуъбаи татқиқоти криминалистии раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ирсол карда шуд.
Тибқи хулосаи мутахассисони ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, таҳти №210 аз 7-уми феврали соли 2025 воситаи нашъадори навъи метамфетамин пешниҳод гардида, ба гурӯҳи моддаҳои психотиропи навъи “метамфетамин” дохил шуда, вазни ниҳоии он 29,1 (бисту нӯҳ бутуну аз даҳ як) граммро ташкил медиҳад.
Тафтишот исбот намуд, ки О.Д. Саидов ва И.Ҳангомаи, маводҳои мухадири “метамфетамин”-ро аз шаҳрванд Ҷабборов Олимҷон Дадоевич, тавассути шиносаш бо номи “Ҷамшед” бо маслиҳати пешакӣ, минбаъд бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, бар ивази маблағи пулии гуногун мефурӯхтаанд ва худи онҳо низ истеъмолкунандаи ин навъи маводи мухаддир мебошанд.
Оид ба ин ҳолат, 7 - уми феврали соли 2025 аз тарафи ШВКДН-и вилояти Суғд нисбати Саидов Садриддин Алиддинович, Ҳангомаи Ибодуллоҳ ва Ҷабборов Олимҷон Дадоевич парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 қисми 3 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, баъди гузаронидани ҳамаи ҳаракатҳои тафтишотӣ бо тастиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
Ба қавле “бори каҷ ба мақсад нарасад” – ин амалҳои манфуру хатарноки шаҳрвандони болозикр дер давом накард. Ба чунин кирдорҳои содирнамудаашон бо ҳукми суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 13 - уми майи соли 2025 Саидов Садриддин Алиддинович, ба муҳлати ҳашт солу шаш моҳ, Ҳангомаи Ибодуллоҳ, ҳашт сол ва Ҷабборов Олимҷон Дадоевич ба муҳлати даҳ сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.
Ин нигошта, ҳар як нафарро ба андеша бояд водор намояд, ки ҳаёт ба инсон як бор муяссар мешавад, ин ҳадяи нотакрор чӣ гуна паси сар мешавад, ба ақлу фаросати ҳар як нафар вобаста аст. Онро месозад ё месӯзад! Имрӯз ин нафарон ба ҷойи зиндагии осоишта, ободии оила, ба камол расонидани фарзандони некӯ умри худро паси панҷара мегузаронанд. Дар ҳоле, ки метавонистанд, ҳаёти солимро барпо намоянд ва худу атрофиёнро хурсанду хушбахт созанд.
Қурбонзода Фаридун, мушовири адлияи дараҷаи 3 ёрдамчии прокурори нақлиёти вилояти Суғд.