Иҷтимоиёт

ЗАНОН – СИПАРИ ОИЛАВӢ ДАР МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ

       Дар ҷаҳони муосир, ки бо таҳдидҳои пайвастаи терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯст, нақши ҳар як фарди ҷомеа дар пешгирии ин падидаҳои номатлуб бениҳоят муҳим аст. Аммо дар ин мубориза, мавқеи занону бонувон на танҳо муҳим, балки калидӣ ва тақдирсоз аст. Онҳо ба ҳайси офарандагорони зиндагӣ, тарбиятгарони насли оянда ва нигоҳдорони арзишҳои оилавӣ, метавонанд сипари тавоное дар роҳи пешгирии ифротгароӣ бошанд.

   Аввалин ва муҳимтарин нақши зан дар мубориза бо ифротгароӣ аз оила оғоз меёбад. Модар шахсест, ки нахустин дарсу мафҳумҳои ҳаётро ба фарзанд меомӯзонад. Аз ин рӯ, тарбияи дурусти фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, таҳаммулпазирӣ ва дурӣ аз ҳар гуна таассубу ифротгароӣ, маҳз аз заҳмати модар вобаста аст. Зани огоҳ ва босавод метавонад фарзандони худро аз таъсири андешаҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои зараровар муҳофизат намояд.

  Фазои солими оилавӣ, ки дар он муколамаи кушод ҳукмрон аст ва эҳтиром ба ақидаҳои дигар ташвиқ мегардад, барои пешгирии гароиш ба ифротгароӣ заминаи мустаҳкам мегузорад. Занон метавонанд муҳитеро фароҳам оваранд, ки дар он ҷавонон эҳсоси бегонагӣ накунанд ва ба домани ақидаҳои харобиовар наафтанд.

  Ифротгароён аксаран аз ноогоҳии динӣ ва фарҳангии ҷавонон сӯистифода мебаранд. Занон метавонанд дар муҳофизати арзишҳои асили миллӣ ва динӣ нақши муҳим бозанд. Онҳо метавонанд ба фарзандон ва наберагон фаҳмонанд, ки арзишҳои динии мо, ба монанди исломи ҳақиқӣ, ба сулҳ, дӯстӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ даъват мекунанд, на ба зӯроварӣ ва хушунат. Шиносоӣ бо фарҳанги ғании миллӣ ва анъанаҳои неки ниёгон низ метавонад ҷавононро аз таъсири идеологияҳои бегона ва харобиовар муҳофизат кунад.

   Ниҳоят гуфтан мумкин аст, ки занону бонувон бо хирад, эҳсос ва масъулияти худ, қодиранд, дар пешгирии тероризм нқши барҷаста дошта бошанд. Ин нақш на танҳо амнияти оиларо таъмин мекунад, балки ба сулҳу суботи умумии кишвар ва ояндаи неки насли оянда кафил мегардад. Ҳамин аст, ки эътирофи ин нақш ва дастгирии занон дар ин ҷода, барои ҷомеаи солим ва бехатар муҳим аст.

Ӯғулой Қоситова, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

 

БОЗДИДИ ҲАЙАТИ МАСЪУЛИН АЗ МАРКАЗИ ВИЛОЯТИИ БАРҚАРОРСОЗӢ ВА СОЛИМГАРДОНИИ КӮДАКОН

     
      Чанде қабл муовини раиси вилояти Суғд, Ҷамшед Ҷӯразода, дар якҷоягӣ бо муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Дилором Турсунзода, ва дигар масъулони соҳа аз Муассисаи давлатии Маркази вилоятии барқарорсозӣ ва солимгардонии кӯдакон, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад, боздид намуданд. Ин боздид ба мақсади шиносоӣ бо фаъолият ва шароити Марказ анҷом дода шуд.
    Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки Марказ баҳри амалӣ намудани ҳуқуқҳои кӯдакони гирифтори бемориҳои шуш, дил ва асаб фаъолият мебарад. Ҳадафи асосии Марказ барқарорсозӣ ва расонидани ёрии тиббии солимгардонӣ ба кӯдакон бо истифода аз усулҳои муосири тиббӣ ва ҷисмонӣ мебошад. Инчунин, Марказ барои ҳамбаста намудани кӯдакон дар ҷамъият саҳм мегузорад. Ба Марказ кӯдаконе, ки аз бемориҳои болозикр шикоят доранд, аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва кӯдаконе, ки маъюбият доранд, фаро гирифта мешаванд. Муҳим он аст, ки ҳамаи хизматрасониҳо дар Марказ комилан ройгон амалӣ карда мешаванд, ки ин имконияти дастрасии баробарро ба табобат барои ҳамаи кӯдакони ниёзманд фароҳам меорад.
    Марказ дорои 130 кати табобатӣ буда, кӯдакони аз 3 то 18-сола аз тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба он фаро гирифта мешаванд. Муҳлати солимгардонӣ барои ҳар як кӯдак 24 рӯзро дар бар мегирад, ки имкон медиҳад барқарорсозии ҳамаҷонибаи саломатии онҳо таъмин гардад.
Ҷамшед Ҷӯразода дар ҷараёни боздид бо шароити будубош, сифати хизматрасонӣ, вазъи атрофи бино ва ҳолати санитарӣ-гигиении Марказ аз наздик шинос шуд. Пас аз арзёбии вазъият, ӯ барои беҳтар намудани фаъолияти Марказ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба кӯдакони ниёзманд тавсияҳои муфид дод. Ин тавсияҳо ба баланд бардоштани сифати табобат ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои кӯдакон равона шудаанд.
.

"ДЕҲА БА ДЕҲА": КОРВОНИ МАЪРИФАТ БА СӮИ МАРДУМ

   

    Мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони Шамсобод ва баррасии масоили мубрами рӯз

    Дар доираи ташаббуси “Деҳа ба деҳа” силсилаи мулоқотҳои судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сокинони деҳот идома дорад. Ин иқдом, ки ҳадафи наздиктар овардани ҳукумат ба мардум ва ҳалли мушкилоти ҷойдоштаро дорад, баҳри таҳкими ҳамкориҳо ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа мусоидат мекунад.

   Рӯзи гузашта гурӯҳи тарғиботии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовини раиси ноҳия Акбар Юсуфӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Баҳриддин Баҳодурзода ва сармутахассиси бахши кор бо дин, танзими ҷашну маросим Улуғбек Темиров бо сокинони деҳаи Шамсободи деҳоти Исмоил мулоқот намуданд.

Меҳвари суҳбат: Аз дастурҳои Пешвои миллат то масъулияти шаҳрвандӣ

    Намояндагони мақомот дар ин вохӯрӣ масъалаҳои муҳим ва доғи рӯзро мавриди баррасӣ қарор доданд. Меҳвари суҳбат дастуру тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари охирини кориашон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Таъкид гардид, ки дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти ободониву созандагӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ва ватанпарварӣ хеле муҳим аст. Ҳамчунин, тарғиботчиён аҳамияти эҳтиромгузорӣ ба қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла қонунҳои масъулият дар таълиму тарбияи кӯдакон, танзими ҷашну маросим, вазифаҳои ҷавонписарон дар адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ, маданияти истифодабарии телефонҳои мобилӣ ва корбарӣ бо шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии экстремистиву террористӣ, мубориза бо коррупсия ва оқибатҳои он, фарҳанги оиладорӣ ва риояи либоспӯшии миллӣ, хушунати хонаводагӣ ва фарогирии шаҳрвандони бекор бо шуғли пурмаҳсулро ба таври амиқ фаҳмониданд.

Тағйироти нав дар қонунгузорӣ: Ҷавобгарӣ барои истифодаи ғайриқонунии барқ

    Дар ин мулоқот ба сокинон иттилоъ дода шуд, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли ҷорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Аз ин пас, нисбати муштариёну истифодабарандагони қувваи барқ, ки ба қонунвайронкуниҳо роҳ медиҳанд, ҷазоҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ татбиқ карда мешавад.

    Бахусус таъкид гардид, ки ҷавобгарӣ барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва напардохтани маблағи он пурзӯр карда шуда, аз ҷумла, ҷавобгарии ҷиноятӣ то маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол пешбинӣ шудааст. Ин тағйирот ба хотири таъмини истифодаи самаранок ва одилонаи захираҳои энергетикӣ равона гардидааст.

     Мулоқоти "Деҳа ба деҳа" бори дигар собит намуд, ки робитаи мустақим бо мардум ва муколамаи ошкоро калиди ҳалли мушкилот ва рушди устувори ҷомеа мебошад. Чунин ташаббусҳо барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафти кишвар заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”

 

ЭҲЁИ АНЪАНАҲО: "ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ”

         Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯйдоди фарҳангии хотирмон таҳти унвони "Тоҷикона мепӯшем" баргузор гардид. Иқдоми мазкур, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи кор бо занон ва оила роҳандозӣ шуд, дар фазои идонаи минтақаи истироҳатии "Азизи дил" воқеъ дар ҷамоъати деҳоти Ғозиён ҷараён гирифт ва шумораи зиёди кӯдакон, занону духтарон, ҳунармандону фаъолзанон, ҳофизону навозандагонро гирди ҳам овард.

     Дар аксияи фарҳангӣ-тарғиботӣ Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд, Дилоромхон Турсунзода, муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Хуршедахон Хоҷазода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд иштирок намуда, дар бораи аҳамияти либоси миллӣ дар ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии миллат суханронӣ карданд.  Таъкид гардид, ки либоси миллии тоҷикӣ ҳамчун як ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ мероси гаронбаҳоест аз аҷдодони бузургамон ва эҳтиром гузоштан ба он на танҳо арҷгузорӣ ба таърих, балки баланд бардоштани маърифати насли ояндасози кишвар низ мебошад.

    Аксияи "Тоҷикона мепӯшем" бо барномаҳои рангини ҳунарӣ, намоиши либосҳои миллӣ ва сурудҳои дилнишини ҳофизону навозандагон ҳусни дигар зам намуда, дар хотири иштирокчиён нақши гузошт. Чунин иқдомҳои фарҳангӣ дар оянда низ идома ёфта, дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба мероси миллии мардуми тоҷик саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.