Иҷтимоиёт

БОШАД САДОИ ХУШТАРИН БАР ГӮШИ ДИЛ СОЗИ ВАТАН...

   

     Тоҷикистон, Ватани ба ҷону дил баробар, модари азиз ҳастӣ! Чун худро шинохтем, туро аз ту ёфтему худро аз ту ёфтем, Мо бо туем, эй Тоҷикистони азиз - Ватани маҳбуб!             

    Қуллаҳои кӯҳҳоят

                           минбари тахти ман аст,

Санги побарҷоят

                                 осори сари сахти ман аст.

Ҳар кафи хокат зару

                             Ҳар қатраи обат гуҳар,

Панҷаи пур аз сахоят

                             суфраи бахти ман аст. Муҳаммад Ғоиб

    Истиқлол неъмати муқаддасест, рамзи саодат ва асолати миллати тоҷик аст. Меҳани меҳрбор - Тоҷикистон! Бо шарофати ин сарвати бебаҳо ва хизматҳои бузургу ташаббусҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ту, Ватани маҳбуб, пеш рафтӣ, гул-гул шукуфтӣ, дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфузи зиёд пайдо намудӣ.   

    Солҳои соҳибистиқлолӣ барои миллати сарбаланду фарҳангпарварамон марҳалаи бобарор ва пурифтихор аст. Мо медонем, ки кишвари зебоманзари мо ба осонӣ сулҳу суботро ба даст наовардааст. Фарзонафарзандони таҳамтани ин Ватани маҳбуб тавонистанд, бо мақсадҳои бузург, орзуву ормонҳои наҷиб марзу буми кишварро сипар гашта, руҳияи солим ва арзишҳои маънавиро ҳифз намуда, барои сарсабзии ин меҳани маҳбуб рӯзгори осоиштаро таъмин намоянд. Корнамоии бобоёну аҷдодони мо аз хотир набояд зудуда шавад, зеро рӯзгори онҳо намунаи беҳтарини хештаншиносиву меҳанпарастист. Имрӯз бо номи Тоҷикистони азиз тафохур дорем, меболем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Ватани азизи моро чун кишвари озоду амну амният шинохтааст.

    Ватани маҳбубимо аз файзу баракати истиқлоли давлатӣ ва сулҳу амонӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад. Аз ин рӯ, назди Ватани азизу гулбаоғӯш ва сулҳовар қарздорем. Моро зарур аст, ки минбаъд низ наврасону ҷавононро чун нишони садоқату эҳтироми баланди фарзандӣ, мисли гулҳои як боғ ва фарзандони як модар дар эъмори имрӯзу ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз дар рӯҳияи ватандӯстию худогоҳӣ тарбия намоем. Пешвои муаззами миллат ҷавононро давомдиҳандагони кору пайкори насли калонсол, нерӯи тавоно ва пуриқтидори пешрафти ҷомеа, ояндаи давлат номида, таъкид доштаанд: ”Насли ҷавони кишвари мо бо дарки  масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад.”

    Тоҷикистони азиз мазраи поку маъвои бахт, маснади волои ормонҳои бемисли мост, ки дар радифи кишварҳои пешрави олам имрӯз роҳпӯи олами фардои дурахшон мебошад. Онро чун модар азиз дошта, тамоми қувва, неруи зеҳнии хешро баҳри шукуфоии он мебахшем.

   Тоҷикистони азиз, эй Ватани маҳбуб! Ту беҳтарин бахту давлат, сарвату саодат бароямон ҳастӣ. Аз тамошои сабзаву боғҳои дилкушоят чашмонам нур мегиранду чаҳ – чаҳи булбулону мурғони хушнавоят сафои ботинамро мефизоянд. Ба атроф менигарам, кӯҳҳои сарбаландатро дида, ифтихорам дучанд мегардад, онҳо рамзи устуворию сарбаландии халқи бузургворам ҳастанд. Шукри замони соҳибистиқлолии Ватани маҳбуб, Пешвои муаззами кишвар, сулҳу амонӣ, ки имрӯз халқи азизи ман ба ин  ободиву шукуфоӣ расидааст. Ҳамаи ин пешравию ободиҳо муъҷизаи табиат не, балки маҳсули ақлу хиради воло, арақи ҷабину ҷидду ҷаҳд ва талошҳои созандаи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик аст. Ҳамватанони ман муъҷизакоранд. Онҳо бо тарҳи дилчаспу замонавӣ иморатҳои нав месозанду шаҳрҳо обод мекунанд, роҳҳои васеъ, заминҳои нав мекушоянд, маҷрои дарёҳоро баста, неругоҳҳои бемисл бунёд намуда, ба зиндагии шоиста мерасанд. Бахту саодат ва иқболи баланд худ аз худ насиб намешавад, онро худи кас бояд ҷустуҷӯ намуда ёбад...

Бошад садои хуштарин бар гӯши дил сози Ватан,
Субҳонаи худ мекунам ашки саҳарнози Ватан.
Гоҳе ба савдо меб
арад ганҷи Ватанро зумрае,
Бо
нархи ҷонам мехарам ҳар санги пардози Ватан.

                                                                                Шаҳрия

    Тоҷикистони ободу озоди мо! Ту, Ватани маҳбуб, мазҳари поки саодат, маснади волои ормонҳову орзуҳои бемислу бахту иқболи баландамон ҳастӣ. Ба хотири он ки давлати тоҷикон пешрафтаю пойдор бошаду сокинонаш соҳибмаърифату донишманд аз рӯзҳои нахустини замони соҳибистиқлолӣ ба илму маориф эътибори аввалиндараҷа медиҳанд. Насли ояндасози миллатро дар рӯҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ намудан вазифаи мост.

Тоҷикистони азиз, мазраи поку маъвои бахт, маснади волои ормонҳои бемисли мо, ту имрӯз дар радифи кишварҳои пешрави дунё роҳпӯи олами фардои дурахшонӣ, ки ба рағми душманону фарзандони нохалафат сол аз сол пеш меравию гул – гул мешукуфӣ.

  Ватан, бо роҳи ту замон меравад,

 Замон сӯи бахти ҷаҳон меравад.

 Зи дил ишқи покат чӣ сон меравад?

 Ба шир омадааст, он ба ҷон меравад.

                                                   Аминҷон Шукӯҳӣ

   Ватани азизу бахтовар, ба бахти халқи бузургворат зиҳӣ, эй мулки ободам, кишвари озоду ба ҷону дил баробарам!

Бигзор парчами Истиқлоли давлатдорӣ ҳамеша парафшон бошад!

 Мавлуда ҲОҶИБОЕВА,

Аълочии маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

СОҲИБКАСБИИ ДУХТАРОН ҲАТМИСТ

       Дар шӯрои духтарон масъалаи азхудкунии илму дониш ва соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани духтарон баррасӣ гардиданд. Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни баррасии масъала аз шароити беҳтарини таълиму тадрис дар даврони соҳибистиқлолӣ, Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди соҳа ва дар баробари ин бо далелҳои муътамад аз беҳунариву бедонишии бархе аз духтарон ва баъди оиладоршавии онҳо ба гирдоби сарбаста рӯ ба рӯ шудану рафъ карда натавонистани мушкиливу монеаҳо ва ночор ба корҳои ношоям даст задани онҳо ибрози андеша намуд.

  • Илму ҳунар кафолати зиндагии шоиста мебошад. Мустаҳкамии оила ва оиладорӣ аз маърифати ҳамаҷониба вобастагӣ дорад. Шароити зиндагӣ тақозо менамояд, ки зану шавҳар барои пешрафти рӯзгор якҷоя кӯшиш намоянд. Барои хушбахтиву зиндагии созгор донишу савод, касбу ҳунар лозим аст. Агар духтар соҳибилму соҳибкасбу соҳибҳунар бошад, оилаи шоиста бунёд карда метавонад. Фарзандони нек тарбия карда метавонад. Дар оила ва ҷомеа метавонад мақоми шоиста касб намояд, - таъкид дошт, Ӯғулой Ҳоҷибоева.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои дигари марбут ба одобу ахлоқ, иффату покизагӣ ва ба корҳои номатлуб даст назадани духтарон мавриди таҳлил қарор гирифт. 

Дар интиҳо духтарони фаъоли муассиса бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.   

ЧОРАБИНИИ ТАРҒИБОТӢ - ТАШВИҚОТӢ БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА"

         Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби фарҳанги миллӣ, расму оин ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни занон дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабиниҳои фарҳангӣ - маърифатӣ бо усули “Деҳа ба деҳа” баргузор шуда истодаанд.

Ин навбат дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов доир гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби масъулин оид ба ҳунаромӯзии ҷавонон, риояи одоби либоспӯшии миллӣ ва ба таҳсил фаро гирифтани насли наврас, махсусан, ҷавондухтарон, омодагии онҳо ба ҳаёти мустақилона ва дигар масъалаҳои ҳалталаб маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ин тадбирҳо тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ба ҳаёти оиладорӣ омода намудани онҳо, инчунин эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифзу такомул додани фарҳанги миллӣ, махсусан, одоби либоспӯшӣ мебошад.

ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ

     Ба ифтихори Рӯзи дониш дар назди муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии таълимӣ бо муосиртарин таҷҳизот ба истифода дода шуд.

Зимни ифтитоҳи бинои мазкур муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода, раиси шурои директорони МТИК вилояти Суғд Шаҳобиддин Мирзоахмедов ва дигар намояндагон иштирок ва суханронӣ намуда, дар ҳаёти ҷавонон омӯзиши касбу ҳунарро муҳим ва кафолати зиндагии шоиста дар ояндаи наздик арзёбӣ намуданд.

Дар кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати соҳибкасб намудани шаҳрвандон тадбирҳои муассир андешида шуда, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ 1 Литсейи касбии техникӣ, Филиали муассисаи давлатии маркази таълимии калонсолон фаъолият мебарад. Ҳамзамон аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шаҳрак ва 12 ҷамоати деҳот ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани шаҳрвандон мунтазам ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида мешавад.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.