Иҷтимоиёт

СОҲИБКАСБИИ ДУХТАРОН ҲАТМИСТ

       Дар шӯрои духтарон масъалаи азхудкунии илму дониш ва соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани духтарон баррасӣ гардиданд. Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни баррасии масъала аз шароити беҳтарини таълиму тадрис дар даврони соҳибистиқлолӣ, Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди соҳа ва дар баробари ин бо далелҳои муътамад аз беҳунариву бедонишии бархе аз духтарон ва баъди оиладоршавии онҳо ба гирдоби сарбаста рӯ ба рӯ шудану рафъ карда натавонистани мушкиливу монеаҳо ва ночор ба корҳои ношоям даст задани онҳо ибрози андеша намуд.

  • Илму ҳунар кафолати зиндагии шоиста мебошад. Мустаҳкамии оила ва оиладорӣ аз маърифати ҳамаҷониба вобастагӣ дорад. Шароити зиндагӣ тақозо менамояд, ки зану шавҳар барои пешрафти рӯзгор якҷоя кӯшиш намоянд. Барои хушбахтиву зиндагии созгор донишу савод, касбу ҳунар лозим аст. Агар духтар соҳибилму соҳибкасбу соҳибҳунар бошад, оилаи шоиста бунёд карда метавонад. Фарзандони нек тарбия карда метавонад. Дар оила ва ҷомеа метавонад мақоми шоиста касб намояд, - таъкид дошт, Ӯғулой Ҳоҷибоева.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои дигари марбут ба одобу ахлоқ, иффату покизагӣ ва ба корҳои номатлуб даст назадани духтарон мавриди таҳлил қарор гирифт. 

Дар интиҳо духтарони фаъоли муассиса бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.   

ЧОРАБИНИИ ТАРҒИБОТӢ - ТАШВИҚОТӢ БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА"

         Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби фарҳанги миллӣ, расму оин ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни занон дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабиниҳои фарҳангӣ - маърифатӣ бо усули “Деҳа ба деҳа” баргузор шуда истодаанд.

Ин навбат дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов доир гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби масъулин оид ба ҳунаромӯзии ҷавонон, риояи одоби либоспӯшии миллӣ ва ба таҳсил фаро гирифтани насли наврас, махсусан, ҷавондухтарон, омодагии онҳо ба ҳаёти мустақилона ва дигар масъалаҳои ҳалталаб маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ин тадбирҳо тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ба ҳаёти оиладорӣ омода намудани онҳо, инчунин эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифзу такомул додани фарҳанги миллӣ, махсусан, одоби либоспӯшӣ мебошад.

ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ

     Ба ифтихори Рӯзи дониш дар назди муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии таълимӣ бо муосиртарин таҷҳизот ба истифода дода шуд.

Зимни ифтитоҳи бинои мазкур муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода, раиси шурои директорони МТИК вилояти Суғд Шаҳобиддин Мирзоахмедов ва дигар намояндагон иштирок ва суханронӣ намуда, дар ҳаёти ҷавонон омӯзиши касбу ҳунарро муҳим ва кафолати зиндагии шоиста дар ояндаи наздик арзёбӣ намуданд.

Дар кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати соҳибкасб намудани шаҳрвандон тадбирҳои муассир андешида шуда, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ 1 Литсейи касбии техникӣ, Филиали муассисаи давлатии маркази таълимии калонсолон фаъолият мебарад. Ҳамзамон аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шаҳрак ва 12 ҷамоати деҳот ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани шаҳрвандон мунтазам ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида мешавад.

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕРИН ТИБҚИ АМРИ РАИСИ НОҲИЯ № 101 аз 15.08.2024 ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

 

  1. Сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1809,60 сомонӣ.

  1. Сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1809,60 сомонӣ.

  1. Котиби мақомоти васояту парастории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1809,60 сомонӣ

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1484,80 сомонӣ

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1484,80 сомонӣ

  1. Мутахассиси шуъбаи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -1 ҷой:
  2. Маоши мансабӣ 1218 сомонӣ
  3. Мутахассиси Раёсати кишоварзии ноьияи Бобожон Щафуров – 1 ҷой;

Маоши мансабӣ 1218 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати шаҳраки ­ Ғафуров -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Хистеварз -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Овчиқалъча -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Ёва -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Ғозиён -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Д.Холматов -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Исмоил -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Зарзамин -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Чашмасор -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати дехоти Зарзамин - 1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати дехоти Чашмасор - 1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати шаҳраки Ғафуров - 1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати Овчиқалъача- 1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Ғафуров -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Ёва -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.                 

  1. Мутахассиси пешбари сохтмон, саноат ва ободонии ҷамоати шаҳраки Ғафуров -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ;

  1. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти Чашмасор -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ;

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, кор бо кадрҳо, назорат ва бойгонии ҷамоати деҳоти Исмоил -1 ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ;

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Овчиқалъача -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Унҷӣ -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Д.Холматов -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Исфисор-1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Ғозиён -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Зарзамин-1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов-1 ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ.

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Чашмасор-1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ

  1. Нозири мизи бақайдгирии ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Ғафуров -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ

  1. Нозири мизи бақайдгирии ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ғозиён -1 ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ.

  1. Нозири мизи бақайдгирии ҳарбии Ҷамоати деҳоти Д.Холматов-1 ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ.

  1. Нозири мизи бақайдгирии ҳарбии Ҷамоати Зарзамин-1 ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ.

  1. Нозири мизи бақайдгирии ҳарбии Ҷамоати деҳоти Исфисор -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ.

  1. Нозири мизи бақайдгирии ҳарбии Ҷамоати деҳоти Унҷӣ -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ.

  1. Мутахассиси андози ҷамоати шаҳраки Ғафуров-1ҷой;

Маоши мансабӣ 1160 сомонӣ

  1. Мутахассиси андози ҷамоати деҳоти Ёва -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1160 сомонӣ

  1. Мутахассиси андози ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1160 сомонӣ

 

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишҒолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Аз довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба номи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;

-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноьияи Бобожон Щафуров баъди чопи аввалини эълон дар муҳлати 21 рўз дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

 

Суроғаи қабули  ҳуҷҷатҳо:

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати шаҳраки Ғафуров, кўчаи А.Нозиров 14, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ошёнаи 2, утоқи № 3 шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, телефон 3-16-01, факс 3-16-01 суроғаи электронӣ Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра."mihd.bgafurov@mail.ru

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.