Нишасти матбуотӣ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо доираи васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Рӯзноманигорон оид ба вазъи эпидемиологӣ ва раванди эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятии COVID-19, омилҳои аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ, муаммои оби нӯшокӣ, талафёбии меваи зардолу дар боғот, замини назди ҳавлигӣ, сохтмони кӯдакистон дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ, ҷиноятсодиркунӣ байни ноболиғон, вазъи экологӣ дар бархе аз маҳалҳои аҳолинишин, аз ҷумла шаҳраки Ғафуров, масъалаи минтақаҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, нақшаҳои иҷрои омодагии ноҳия ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо пурсиш намуда, аз Раиси ноҳия ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Зафарбек Давлатзода, Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба саволҳои рӯзноманигорон зимни посухҳои саҳеҳ, таъкид кард, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз калонтарин ноҳияҳои миқёси кишвар маҳсуб меёбад ва дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ноҳия дар баробари муваффақиятҳо камбудиҳо низ ҷой доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров азму талош дорад, ки дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои рӯзафзуни Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муаммоҳои ҷойдоштаро саривақт бартараф намуда, барои мардум зиндагии боз ҳам шоистаро фароҳам оваранд. Айни ҳол бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тағйиру иловаҳо амалишавии 1437 нақшаи чорабинӣ таҳия гардида, давоми солҳои 2018-2020 ва 6 моҳи соли 2021 1376 банди онҳо амалӣ гардиданд, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 450,0 млн. сомонӣ маблағҳо равона гардидаанд.
Аз 1376 иншооти ба истифода дода шуда, 24 банд ба соҳаи маориф, 61 банд ба соҳаи тандурустӣ, 55 банд ба соҳаи варзиш, 31 банд ба бунёди сартарошхона, 19 банд ба кошонаи ҳусн, 212 банд ба марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, 52 банд ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва сехи дўзандагӣ, 66 банд ба кашидани хати оби нўшокц, 124 банд ба таъмиру мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ, 4 банд ба сохтмони ҳаммом, 20 банд ба фермаи парвариши чорво ва парранда, 19 банд ба кашидани хати барқ, 188 банд ба чароғонкунии кўчаҳо ва шинонидани трансформатор, 7 банд ба гулгашт ва 494 банд ба иншоотҳои гуногун рост меояд, ки он 95% нақшаи чорабиниро ташкил медиҳад.
Дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мухбира Қобилзода иштирок намуд.
Дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.