Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мумфаршкунии 10 км роҳ оғоз ёфт

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии як қатор кӯчаҳо оғоз бахшида шуд.
Роҳбари вилоят нахуст дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматов ба мумфаршкунии кӯчаҳои ба номи Абдурауф Охунҷонов ва Ҳаким Карим оғоз бахшида, бо сокинон суҳбат орост. Зикр карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба ҷашни таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷараён дошта, аз соли 2018 то инҷониб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 7 ҳазор иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин раванд ба таъмиру мумфаршкунии роҳҳо низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, садҳо километр роҳҳо мумфарш карда шуд.
Сипас, Раиси вилоят бо дуои пирони рӯзгор ба мумфаршкунии роҳ оғоз бахшид.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ дар шаҳраки Ғафуров ва деҳоти Унҷӣ низ ширкат варзида, барои бо сифати баланд анҷом додани корҳо ба масъулин супоришҳо дод.
Дар маҷмуъ, мумфаршкунии 10 км роҳҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардида, корҳо бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории соҳибкорону саховатмандон иҷро карда мешаванд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.