Боздиди кории Раиси вилоят аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти корхонаи истеҳсолии “Сахо” шинос гардид.
Дар корхонаи мазкур истеҳсоли зарфҳои шишагин ба роҳ монда шуда, маҳсулоти истеҳсолшаванда тибқи дархост ба корхонаҳои консервабарорӣ ва бозорҳои мамлакат дастрас карда мешавад. Дар ин корхона айни замон 30 нафар коргарон фаъолият дошта, дар анбори “Сахо” 5 миллион дона зарф захира карда шудааст.
Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона тавсия дод, ки ҳарчи бештар зарфҳои шишагинро ба фурӯш гузоранд. Зеро ҳоло мавсими ҳосилғундорӣ буда, сокинон барои зимистонгузаронӣ ва захираи афшураву мураббо ва шарбат аз чунин зарфҳо истифода мебаранд.
Сипас Раҷаббой Аҳмадзода аз фермаи чорводории соҳибкор Насим Нуриддинзода боздид кард.
Дар ин ферма 50 сар моли калон парвариш ёфта, чорводорон ҳамарӯза 400 литр ширро дар асоси шартнома ба корхонаҳои коркади шир дастрас мекунанд. Масъулин барои зиёд кардани саршумори чорво тадбирҳои зарурӣ андешида, ният доранд, ки дар оянда истеҳсоли ширро зиёд намоянд.
Дар фермаи мазкур ҳамчунин 160 сар гӯфанди ҳисорӣ низ нигоҳубин карда мешавад.
Роҳбари вилоят ба муассисони фермаи чорводорӣ барои зиёд намудани саршумори чорво, истеҳсоли шир ва дар оянда ба кор андохтани корхонаи коркарди шир тавсияҳои судманд дод.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.