Маҷлиси фаъолон

Наваду панҷ дарсади нақшаи чорабинӣ иҷро гардид
Таҳти раёсати Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода маҷлиси фаъолон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2021 баргузор гардид.
Абдуллозода Фирдавс Тоҷӣ, муовини раиси ноҳия зимни баромад оид ба натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2021 афзуд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди назари давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия қарор дошта, сарпарастию ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои рӯзафзуни Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода моро водор менамояд, ки мардуми шарафманди ноҳия ҳамарӯза бештару хубтар меҳнат намуда, барои зиндагии шоистаи мардум саҳмгузор бошанд.
Қисми даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 102,9 фоиз иҷро гардид. Буҷети маҳаллӣ бошад, дар ин давра 104,9 фоиз иҷро гардид. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 99,9 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 104,2 млн. сомонӣ 104,1 њазор сомонӣ хароҷот гардидааст, ки ин аз нақша 113,1 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни бузург бо назардошти тағйиру иловаҳо амалишавии 1437 нақшаи чорабинӣ таҳия гардида, давоми солҳои 2018-2020 ва 6 моҳи соли 2021 1376 банди онҳо амалӣ гардиданд, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 450,0 млн. сомонӣ маблағҳо равона гардидаанд. Аз 1376 иншооти ба истифода дода шуда, 24 банд ба соҳаи маориф, 61 банд ба соҳаи тандурустӣ, 55 банд ба соҳаи варзиш, 31 банд ба бунёди сартарошхона, 19 банд ба кошонаи ҳусн, 212 банд ба марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, 52 банд ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва сехи дўзандагӣ, 66 банд ба кашидани хати оби нўшокц, 124 банд ба таъмиру мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ, 4 банд ба сохтмони ҳаммом, 20 банд ба фермаи парвариши чорво ва парранда, 19 банд ба кашидани хати барқ, 188 банд ба чароғонкунии кўчаҳо ва шинонидани трансформатор, 7 банд ба гулгашт ва 494 банд ба иншоотҳои гуногун рост меояд, ки он 95% нақшаи чорабиниро ташкил медиҳад.
Дар идома Раиси ноҳия Зафарбек Давлатзода ба дигар масоили мубрами сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ дахл намуда, масъулини соҳаҳоро ҷиҳати саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муваззаф намуд. Махсусан ҷиҳати коҳиш додани бемориҳои сироятӣ аз ҷумла интиқол ва паҳншавии коронавируси COVID-19 кормандони соҳаи тандурустӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва аҳли фаъолонро вазифадор кард.
Дар маҷлиси фаъолон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2021 Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, Раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарифҷон Аҳмедов, Раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.