Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Форуми занони Тоҷикистону Чин таҳти унвони «Ҳамкории занон дар чаҳорчӯбаи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» ба кори худ оғоз намуд.
Форум бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, меҳмонони олиқадри Ҷумҳурии Мардумии Чин, фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар Театри давлатии Камоли Хуҷандии вилояти Суғд оғоз гардид.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми намоён дошта, заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатиро зиёда аз 200 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад.
Таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду давлат —Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳамкории стратегии мамлакатҳои мо ба сатҳи сифатан баланд расида, сол то сол густариш меёбад.
Аз ҷараёни баргузории Форуми мазкур тафсилоти бештар манзур мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд