Баҳри пешгирӣ дақиқкорӣ мебояд!
Ҳамасола аз тарафи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пеш аз оғози мавсими ғунучини ҳосили пахта дар хоҷагиҳои пахтакор, бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷоракорони алоҳида,дар заводҳои коркарди пахта, нуқтаҳои пахтақабулкунии ноҳия бо мақсади пурзӯр намудани бехатарӣ аз сӯхтор ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши сӯхтор корҳои профилактикӣ, суҳбатҳо гузаронида, таҳти назорати доимӣ қарор дода мешаванд.
Хушбахтона, соли сипарӣ дар мавсими ғунучини ҳосили пахта дар хирманҳо, заводу корхонаҳои қабул ва коркарди пахта ҳодисаҳои сӯхтор ба қайд гирифта нашудааст.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар бисёр мавридҳо аз сабаби надоштани маълумоти пурраи масъулин дар бораи пешгирии сӯхтор, аз қабили таъмин набудан бо шарорахомӯшкунак ва ё дуруст набудани дудбарои трактору нақлиёти сафарбаршудаи пахтакашон дар хирманҳо ва наздикии роҳҳои мошингард пахтаҳои паҳнкардашуда оташ мегиранд.
Аз роҳбарон ва масъулин талаб карда мешавад, ки ҳангоми ғунучини ҳосили пахта ба одитарин қоидаҳои назорати давлатии бехатар аз сӯхторро риоя намоянд; Оташдонҳои хӯрокпазии деҳқонон аз нуқтаи қабули пахта бояд на кам 100 метр дуртар ҷойгир шуда бошанд.
Пахтаи дар мошин ва трактор буда, бо матои брезинтӣ пӯшонидан мувофиқи мақсад аст. Ҳама гуна техникаҳои сафаршуда барои ҷамъоварӣ ва кашонидани ҳосили пахта бояд бо оташхомӯшкунакҳои тамғаи ОП-5 таъмин бошанд. ( оташхомӯшкунак ба қисми пеши бордони нақлиёт, бел дар зери бордон аз тарафи ҷойи нишасти ронанда маҳкам карда шавад)
Дар роҳҳои мошингард паҳн ва хушк намудан, инчунин аз болои пахта гузаштани нақлиёт тамоман манъ мебошад.Майдончаи пахтахушкунӣ барои хирман бояд мумфарш( асфалтпӯш) ё бо лой бо ғафсии 5 см. андова карда шуда бошад. Истгоҳи тракторҳо, автомобил ва мошинҳои пахтачинӣ, ҷойи таъмиркунӣ,равғанмолӣ ва бо сӯзишворӣ таъминкунӣ бояд на камтар 100 метр дуртар аз хирман ҷойгир шуда бошанд.
Дар саҳро нақлиёти пахтачинӣ ва ё дигар техникаи бордонаш аз пахта пур шабона гузоштан манъ мебошад.
Ҳангоми дар бордони мошинҳои пахтачинӣ ва ё пахтакашон оташгирифтани пахта , онро фавран ба ҷойи бехавф холӣ намуда, чораҳои хомӯш намудани сӯхторро зуд андешидан зарур аст.
Дар хирману нуқтаҳо ва корхонаҳои пахтақабулкунӣ аз байни деҳқонону кормандон дастаҳои идоравии оташнишонӣ ташкил намуда, ба онҳо тарзи пегирӣ ва хомӯш намудани сӯхторро омӯзонидан лозим аст.Тибқи талабот хирманҳо дар наздикии ҷӯй ё ҳавзҳои обдошта ҷойгир шуда, бо воситаҳои аввалиндараҷаи сӯхторнишонӣ, мотопомпаи обкашии зиддисӯхторӣ, дастурамали махсус ва нишонаҳои зиддисӯхторӣ таъмин карда шуда, онҳо на камтар аз 150 метр дур аз хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ ҷойгир бошанд. Дар ҷойҳои пахтағарамкунӣ афрӯхтани гулхан ва чокидани тамоку қатъиян манъ мебошад.
Корхонаҳои пахтатозакунӣ, нуқтаҳои қабули пахта ва хирманҳо бояд барои пешгирии сӯхтор бо насосҳои обдиҳӣ, матапомпаҳо, рӯдаҳо, милҳо ва ҳамчунин бо автомобилҳои оташнишонӣ бояд ҳатман таъмин бошанд.
Бо риояи ҳамаи талаботи мазкур мо метавонем, сарвати бебаҳои кишвар – “тиллои сафед”-и бо заҳмати зиёди марди деҳқон ба дастовардаро аз коми оташ ҳифз намоем. Зеро хуб гуфтаанд: “Пешгирии сӯхтор аз хомӯш намудани он осонтару арзонтар аст”.
Шаҳрвандони муҳтарам, роҳбарони корхона ва нуқтаҳои қабули пахта, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, ассотсиатсияҳо, ҳамаи масъулини соҳаро зарур аст, ки дар ин мавсим бомасъулияту бодиққат бошанду ҳосили фаровони пухтарасидани пахтаи мардаи деҳқонро аз ҳодисаи нохуши сӯхтор ва нобудшавӣ нигаҳ бояд дошт, зеро пахта давлат ва мову шумост.
Ба диққати шаҳрвандон, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперавтивҳои истеҳсолӣ расонида мешавад, ки ҳангоми сар задани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор сари вақт ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо телефонҳои 101, ( 83442) 3-10 -40 занг зада, оиди ҳодисаи сӯхтор хабар расонед.
Фаридун АХУНОВ,
нозири калони назорати
давлатии бехатарӣ аз сӯхтори
қисми мустақили 36-уми
ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии
оташнишонӣ оид ба муҳофизат
дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,
лейтенанти калони хизмати дохилӣ