Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон - шаҳри Остона Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Ин тадбири муҳим, ки бо иқдому ташаббуси бевоситаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев амалӣ шуд, дар густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва пайдо намудани шарикони ҳамкор заминаи мусоидро фароҳам оварда, дар афзоиши минбаъдаи гардиши савдои хориҷии ду мамлакат, ки шарики старатегӣ ҳастанд, нақши бориз хоҳад гузошт.
Дар намоишгоҳ сабзавоту полезӣ, мева, ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистони биҳиштосо дар шаклҳои гуногун бо тасвирҳои зебо пешниҳод карда шуд.
Дар ин намоишгоҳ ба маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла харбузаю тарбуз, каду, картшка, пиёз, сабзӣ, лабалабу, боимҷон, қаланфури булғорӣ, помидору бодиринг, сирпиёз, карам, гулкарам, биринҷ, мош, лубиё, нахӯд, зардолу, хуч, гелос, ангур, чормағз, анор, шафтолу, олу, себ, нок, хушкмева, мағзи зардолую чормағз ва даҳҳо намуди дигари маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон парваришу истеҳсол карда мешаванд, таваҷҷуҳ бештар буд ва сокинону меҳмонони шаҳри Остона бо дидани чунин фаровонию зебоӣ ба деҳқонони зарофари тоҷик, ки воқеан заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳамасола аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми зарурии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот ва меваи тару хушк бо банду басти мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла Ҷумҳурии Қазоқистон содирот карда мешавад.
Ширкатҳои бузургу бонуфузи истеҳсолии “Оби зулол”, “Баракати Исфара”, “Исфара Фуд”, “Зардолу ва Компания”, “Мавизи Истаравшан”, “Меваи Канд”, “Субҳи Ватан”, “Сирдарё”, “Мусалло”, “Сиёма” ва даҳҳо коргоҳу корхонаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки банду басти меваи хушк ва истеҳсоли афшура, мураббо, шарбату шаробро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ мондаанд, ҳамасола ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёрро ба Ҷумҳурии Қазоқистон зиёд менамоянд.
Тоҷикистону Қазоқистон дорои имконияту шароити мусоид буда, истифодаи самараноки он ба коҳиш додани нархи маҳсулот дар бозорҳо мусоидат менамояд. Ҳар ду ҷониб ба он назаранд, ки барои тақвият бахшидани гардиши молу маҳсулот имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд ва имрӯз вақти он расидааст, ки аз он ба таври васеъ ва самаранок истифода шавад. Ин раванд бештар аз ҳама ба баланд гардидани ҳаҷми гардиши мол байни ду мамлакат, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, дар заминаи он фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ин намоишгоҳ занбӯрпарварони Тоҷикистон асал, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва муми занбӯрро, ки дар бозори минтақа ва ҷаҳон харидори зиёд дорад, муарифӣ намуданд. Табиати биҳиштосои Тоҷикистон, ки дорои номгӯи зиёди гулу гиёҳҳои шифобахш аст, макони истеҳсоли асал мебошад. Дар ин самт низ соҳибкорони Қазоқистон метавонанд, бо замбӯрпарварони Тоҷикистон ҳамкории густурда дошта бошанд.
Ҳамзамон дар гӯшаҳои гуногуни намоишгоҳ барои сокинони шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар даҳҳо кат ва суҳбаткадаҳои бо санъати баланд кандакоришуда, ки маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, аз ҷумла устоҳои чирадасти шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аст, дастархони пурнозу неъмат ороста шуд. Дар назди ҳар хайма кадбонуҳо ва ошпазони моҳир ба сокинону меҳмонони шаҳри Остона таомҳои миллии мардуми тоҷикро омодаю пешниҳод намуданд. Аз ҷумла аз ҷониби ошпазҳои моҳири шаҳри Хуҷанд дар як деги 1 тоннагӣ оши палов омода карда шуд.
Ҳунариҳои қадимаи мардуми тоҷик, ба монанди гачкорӣ, кошинкорӣ, атласу адрасбофии дастӣ, қолинбофии дастӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, кордсозӣ, наққошӣ, кундалнигорӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, созтарошӣ, ки дар ин намоишгоҳ муррифӣ карда шуд, ба сокинону меҳмонони шаҳри Остона писанд омад. Дар ин намоишгоҳи бузург либосҳои миллии мардуми тоҷик, ки аз ҷониби ҳунармандону тарроҳҳон муаррифӣ карда шуд, ҳаводорони зиёд дошт.
Бояд гуфт, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ба масъалаи рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд.
Ҳунармандону устоҳои чирадаст бо истеҳсоли маҳсулоти гуногун касби пурифтихор ва анъанаи неки ниёгонро идома дода, барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳон хизмати шоиста менамоянд.
Ҳамчунин аз ҷониби ҳунармандон номгӯи зиёди шириниҳои миллӣ, ба монанди ҳалво, набот, нишолло ва парварда омода карда шуд.
Ба сифати молу маҳсулоти саноатии истеҳсоли Тоҷикистон, ба монанди матоъ, либос, қолин, маснуоти заргарӣ, масолеҳи сохтмонӣ, фарши ороишӣ аз чуби табиӣ, техникаю таҷҳизоти гуногун, маводи полиграфӣ, шарбат, мураббо, афшура, меваи хушки банду бастшуда, обҳои ташнагишикан ва консерваи меваю сабзавот баҳои баланд дода шуд.
Ба таъкиди дастандаркорон, ҳамаи молу маҳсулоти санаотии ба намоиш гузошташуда ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, имрӯзҳо дар бозори минтақа ва ҷаҳон харидорони зиёд доранд ва дар ин рӯз бо истифода аз фазои мусоид аз ҷониби соҳибкорони тоҷик имконияту иқтидорҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шоиста муаррифӣ гардид.
Роҳандозии тадбири мазкур барои ҳарду ҷониб муҳиму манфиатовар аст. Зеро бо таъсиси чунин намоишгоҳҳои сатҳи баланд ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ тақвият ёфта, дар бозор рақобати солим ба вуҷуд хоҳад омад. Ҳамчунин мардуми ду мамлакат бо расму ойин ва анъанаҳои миллии ҳамдигар ошно гардида, дар фазои дӯстию бародарӣ рафтуомад хоҳанд кард.
Ба муносибати ташкили Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли санъату ҳунар бо пешниҳоди барномаи мукаммали консертӣ ва саҳнаҳои театркунонидашуда, ки дӯстию рафоқатро таҷассум мекард, хотири сокинону меҳмонони шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистонро болида намуданд.
Бознашр аз саҳифаи Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, ки дар он 100 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоию вилоят дар 6 моҳи соли 2024 ба рӯзноманигорон маълумот дод.
Қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Дар натиҷа аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, суботи макроиқтисодӣ дар минтақа нигоҳ дошта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодиёт ба 16,2 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,2 фоиз расонида шуда, ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба 26,3 фоиз баробар шудааст.
Давоми 6 моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 12 милларду 831 миллион сомонӣ расонида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,1 фоиз таъмин гардид.
Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ба миқдори 592 ҳазор тонна семент ва 865 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст.
Дар ин давра кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд. Дар натиҷа, ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 5 миллиарду 343 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 113,1 фоиз таъмин гардид.
Соли ҷорӣ тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 282 ҳазору 574,7 гектар замин кишти зироатҳо гузаронида шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 95 ҳазору 117 тонна, аз ҷумла пиёз 37 ҳазору 415 тонна, картошка 55 ҳазору 559 тонна, полезӣ 17 ҳазору 496,7 тонна, мевагиҳо 110 ҳазору 963,6 тонна, аз ҷумла зардолу 103 ҳазору 947,8 тонна, зироатҳои хӯроки чорво 81 ҳазору 750,8 тонна, гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 32 ҳазору 353,9 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 8 ҳазору 401,7 тонна, моҳӣ 441,8 тонна, шир 149 ҳазору 750,6 тонна, тухм 339,6 миллион дона, асал 202,3 тонна ва пашм 1 ҳазору 401,2 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 107,6 фоиз, аз ҷумла пиёз 107,5 фоиз, картошка 128,2 фоиз, полезӣ 100,6 фоиз, мевагиҳо 122,1 фоиз, аз ҷумла зардолу 118,7фоиз, хӯроки чорво 106,4 фоиз, гӯшти чорвою паранда 111,3 фоиз, моҳӣ 102,5 фоиз, шир 105,8 фоиз, асал 105,2 фоиз ва пашм 103,1 фоиз таъмин шудааст.
Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 166 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуда, барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 903 гектар гузаронида шудааст.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маводи озуқа ва танзими нархи бозори истеъмолӣ 27 маротиба ярмарка гузаронида, дар маҷмӯъ, ба миқдори 4 ҳазору 809,7 тонна маҳсулот, 1 миллиону 808,4 ҳазор дона тухм ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуданд.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 6 моҳи соли 2024 ба 9 миллиарду 239,9 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 107,5 фоизро ташкил намудааст.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ба 1 миллиарду 475,6 миллион доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,2 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми воридот 1 миллиарду 55,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 129,3 миллион доллар ё 14 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот бошад аз вилоят дар ин давра 420,1 млн. долларро ташкил намуд.
Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида, дар моҳҳои январ-марти соли 2024 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 60 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш нисбат ба соли 2023-юм 110,6 фоиз таъмин гардидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 39 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 21 миллион доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.
Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 6 моҳи соли 2024 ба андозаи 103,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2 милларду 347,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 73,2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 ба буҷети маҳаллии вилоят 1 миллиарду 606,8 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 81,1 миллион сомониро ташкил дод, ки баробари 105,3 фоизи нақша мебошад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 1 миллиарду 572,2 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 1 миллиарду 562,4 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 99,4 фоизи нақша мебошад.
Раиси вилоят ҳамзамон доир ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ маълумот дода, таъкид кард, ки бо дастгириҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳо таъмин гардида истодааст.
Сипас, роҳбари вилоят ба саволҳои журналистон Ҷовиди Аштӣ, Ӯринбой Усмонов, Обидҷон Каримов, Мадина Почоева, Қудратулло Раҳматулло, Фарзона Муродӣ, Қамари Аҳрор, Нуъмон Раҷабзода, Афзал Босолиев, Мафтуна Шукурова, Уғулой Раҷабова, Мирзоазам Мақсудов, Фирӯза Мирҷумъаева, Фарзон Муҳаммадӣ, Алишери Толиб, Моҳира Раҳимзода, Муслима Раҳимова, Саъдулло Махкамов вобаста ба зиёдшавии музди маош, ҳамкориҳо бо вилоятҳои кишварҳои ҳамсоя, вусъати корҳои кабудизоркунӣ, бунёди кӯдакистонҳо, азхудкунии заминҳо, чароғонкунии варзишгоҳҳо, бунёди инфрасохтори зарурӣ дар шаҳракҳои навбунёд, вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ, сохтмони биноҳои баландошёна, сохтмони мактабҳо, таъсиси корхонаи коркарди партов, фарогирии наврасон ба истироҳатгоҳҳо, рушди кирмакпарварӣ, истифодаи панелҳои офтобӣ, танзими нархи маҳсулот, муҳоҷирони экологӣ, мумфаршкунии роҳҳо посух гуфт.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки рӯзноманигорон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ дастоварду муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро инъикос намуда, дар бартарафсозии мушкилоти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
Бознашр аз сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров
МАҶЛИСИ ФАЪОЛОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нимсолаи якуми соли 2024 бо иштироки намояндаи ба ноҳия вобасташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон – раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ахмедов Шарифҷон – намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.
Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли равон маърӯзаи муовини раиси ноҳия Абдулозода Фирдавс шунида шуд.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло оид ба камбудиву муаммоҳои соҳаҳо масъулони дахлдорро пурсиш намуда, ҷиҳати ислоҳи норасоиҳои ҷойдошта вазифагузорӣ намуд. Аз ҷумла оид ба масъалаҳои тадбирандешии масъулон ҷиҳати барзиёд иҷро намудани нақшаи андоз, мушаххасгардонии маълумотҳо оид ба корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда ва мавсимӣ, вазъи корҳои таъмири роҳҳо ва хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон, корҳои сохтмонӣ тибқи иҷрои нақшаи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, масъалаҳои заминистифодабарӣ, нашъунамои пахта, таъминот бо оби полизӣ, кишти такрорӣ, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, махсусан дар муассисаҳои иҷтимоӣ, натиҷаҳои сифатнокии таълим дар муассисаҳои таълимӣ, либоси мактабӣ, вусъатбахшии корҳои фаҳмонидадиҳӣ барои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба равияҳои экстремистию террористӣ, ҳарчӣ бештар баргузор намудани фестивалу озмунҳо таҳлилҳо доир карда шуд.
Намояндагони вобасташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ зимни суханронӣ ҳисоботи пешниҳодшударо аз ҳар ҷиҳат таҳлил намуда, барои ҷамъбасти муваффақонаи соли 2024 дастуру тавсияҳо баён намуданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров