ПАЁМИ ТАБРИКИ И.В РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ НУСРАТУЛЛО САЛИМЗОДА БАХШИДА БА 78-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва сулҳу ваҳдат, ки бо азму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, фаъолияти софдилона зоҳир намуда, ҳадафи асосии худро дар ободониву шукуфоии кишвар, қавӣ гардонидани пояи сулҳи ҷовидона ва ҳалли муаммоҳои иқтисодиву иҷтимоӣ равона намуда истодаанд. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш, ки тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати ҳафтаи «Поси хотир» корҳои ободониву созандагӣ вусъат дода шудааст, пеш аз ҳама барои мардонагиву диловарӣ ва каҳрамониҳои бемисл ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони фидокори ақибгоҳ ва кулли ҳамдиёрони азизро бо 78-умин солгарди Ғалабаи бузург табрику муборакбод менамоям.