НЕРӮИ ТАВОНОВУ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА
Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки кормандони воситаҳои ахбори омма чорабинии идона баргузор гардид. Муовини Раиси роҳия Дилором Турсунзода аз нақшу мақоми матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, махсусан таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин дастгоҳи тавонои пешбарандаи ҷомеа ибрози назар намуда, аз таърихи таъсисёбии рӯзномаи сирф тоҷикӣ "Бухорои шариф" ёдоварӣ намуд. Гуфта шуд, ки 111 сол муқаддам таъсисёбии рӯзномаи "Бухорои шариф" ба рушди журналистикаи тоҷик асос гузошта, дар такомулу таҳаввулоти воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ нақши барҷаста гузоштааст. Дар даврони шӯравӣ матбуот ва телевизиони тоҷикӣ ба ҳаёти маънавии мардум ворид гардид, аммо рушду камолоти ин соҳа дар даврони соҳибистиқлолии кишвар фароҳам омад, ки комилан айёми камолоти ин соҳаи ҳаётан муҳим дониста мешавад. Имрӯз матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори омма нақши муқтадир дорад ва мардум ба сухани чопӣ эътимоду боварӣ доранд.