Мулоқоти навбатии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон

Дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон»-и шаҳри Исфара мулоқоти роҳбарони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид.

 

Роҳбарони ҳайатҳо —​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев натиҷаи фаъолияти гуруҳи кории дуҷонибаро назаррас арзёбӣ карданд. Дар натиҷаи корбарии гуруҳи кории дуҷониба нофаҳмиҳои бамиёномада сари вақт ҳал гардида, ҷонибҳо дар масъалаҳои истифодаи якҷои захираҳои табиӣ, аз ҷумла об, тоза кардани каналу ҷӯйборҳои наздимарзӣ якдигарфаҳмӣ намуда истодаанд.

Таъкид карда шуд, ки минбаъд низ фаъолияти гуруҳи кории дуҷониба фаъолиятро дар тамоми сатҳҳо беҳтар намуда, вохӯриҳоро бештар ба роҳ мемонанд ва сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар бо риояи суннатҳои қадимии ҳамсоядорӣ ва эҳтироми якдигар зиндагии осоиштаро пеш мебаранд.

Дар мулоқот ҳамзамон роҳбарияти Раёсати КДАМ ҶТ, Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, Раёсати ВКД, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ,​ раисони шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.