Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 10 октябри соли 2019 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар нӯҳ моҳи соли 2019 баргузор гардид.

Маҷлисро Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуда, ҳузури муовини Раиси вилояти Суғд Каримзода Рустамро ба кори маҷлис эълон дошт.

Оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар нӯҳ моҳи соли 2019 муовини Раиси ноҳия Комилӣ Мастура бо маърӯзаи муфассал баромад намуд.

Баъди шунидани маърӯза оид ба масъалаҳои ғанӣ гардонидани буҷети ноҳия ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ, таъмини иҷрои саривақтии нақшаҳои пешбинишуда сардори нозироти андози ноҳия ва сардори раёсати молия дар ноҳия пурсиш ва вазифагузорӣ карда шуданд.

Инчунин дар музокираронӣ сардори раёсати кишоварзӣ, мудири бахши саноат, нақлиёт ва энергетика, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила иштирок намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта вазифагузорӣ карда шуданд. Дар рафти баргузории маҷлис  ҷиҳати ҳарчи тезтар ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта  ва таъмини иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ва коргоҳҳои коркарди пахта, комиссариати ҳарбӣ ва раисони ҷамоатҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Ба роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва маориф, бахши ҷавонон ва варзиш, сархатиби ноҳия ва дигар масъулони соҳаи иделологӣ барои андешидани роҳу усулҳои наву муосири ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва пеширии ҷинояткориву дигар падидаҳои номатлуби ҷомеа дастуру тавсияҳо баён карда шуданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Каримзода Рустам дар навбати худ вазъи соҳаҳои мухталифи ноҳияро таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ҷамъбаст намудани сол баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо баён намуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз124
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта497
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта621
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3135
mod_vvisit_counterҲамин моҳ6571
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта15058
mod_vvisit_counterҲамагӣ167586