7 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, бо рафти ҷамъоварии пахта ва қабули он аз ҷониби корхонаҳои коркарди пахта шинос гардид.

Раиси вилоят зимни боздид аз пахтазори ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ва хоҷагии деҳқонии ба номи Шарифбой Юлдошев бо саҳмдорону чинакчиён суҳбат намуда, таъкид кард, ки саҳмдорон ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ бо истифода аз имконияту шароити муносиб бояд дар ҷамъоварии саривақтии ҳосили фаровони пахта кўшиши ҳамаҷониба ба харҷ диҳанд ва нагузоранд, ки маҳсули заҳматашон талаф ёбад.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 8400 гектар пахта кишт карда шудааст ва тибқи нақша бояд 18​ 200 тонна “тиллои сафед” истеҳсол карда шавад. Имрӯзҳо саҳмдорон дар якҷоягӣ бо ҳашарчиён ба ҷамъоварии ҳосил машғул буда, мувофиқи маълумоти фаврӣ 7326 тонна пахтаро ба хирман супоридаанд. Дар ноҳия ҳамарӯза бо шумули саҳмдорони хоҷагиҳо то 10 ҳазор нафар ба ҷамъоварии пахта сафарбар гардида истодаанд.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо ҷараёни ҷамъоварии пахта ба як қатор чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, изҳори боварӣ намуд, ки меҳтанкашони ноҳия нақшаи истеҳсолро барзиёд иҷро менамоянд.

Сипас, Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахтаи ҶДММ “Юсуф - саркор” ва ҶДММ “Зафариён”ошно гардида, ҷараёни қабули пахтаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ба иттилои масъулин дар ноҳия панҷ корхонаи коркарди пахта фаъолият дошта, корхонаҳо сари вақт пахтаро қабул намуда истодаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхонаҳо ҷиҳати қабулипурраи ашёи хом ва коркарди он тавсияҳо дода, таъкид кард, ки бояд ҳар килограми пахта бо нархи 5,5 сомонӣ харидорӣ карда шавад.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз141
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта497
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта638
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3135
mod_vvisit_counterҲамин моҳ6588
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта15058
mod_vvisit_counterҲамагӣ167603