МОДАР - АРЗИШМАНДТАРИН НЕЪМАТИ ДУНЁ

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Рӯзи Модар чорабиниии тантанавии идона баргузор гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода зимни иштирок дар чорабинӣ занону бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик гуфта, барояшон иқболи некӯ, толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу намуд.

Таъкид карда шуд, модар арзишмандтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидона, нахустин мураббӣ ва чароғи равшани ҳар хонадон аст. ҳар кадоми мо қадамҳои аввалини худро бо кӯмаки модар мегузорем ва нахустин муҳаббат ва меҳру самимиятро аз ӯ мегирем ва бинобар ҳамин ҳам як умр сипосмандем. ҳама олимону шоирон, ҳунармандону косибон, кишоварзу бинокорон ва ободгарони олам аз домони поки модар ба дунё омада, парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд.

Худи ҳаёт собитгар аст, ки пешрафти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҳар кадом давлат ва нерӯмандии аҳли ҷомеа аз бисёр ҷиҳат ба зан-модар вобастагии калон дорад. Зеро онҳо дар баробари мардон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият намуда, бо меҳнати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди мамлакат сидқидилона саъю талош менамоянд. 

- ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии занон тамоми чораву тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Ҷиҳати дастгирии мақоми зан дар ҷомеа якчанд қарору барномаҳо, "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" роҳандозӣ шудааст, ки ҷиҳати таҳияву татбиқи як силсила санадҳои муҳими марбут ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии бонувон мусоидат мекунад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ чун дар тамоми кишвар баҳри беш аз пеш баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд. Боиси хурсандист, ки имрӯзҳо садҳо нафар бонувони лаёқатманд дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ муваффақ гардидаанд ва фаъолияти назаррасро соҳибанд,- иброз дошт Зафарбек Давлатзода.

Айни замон дар ноҳия 190357 нафар занон умр ба сар бурда, 590 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Аз ҷумлаи бонувони фаъоли ноҳия ҳоло 1 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 13 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб гардида, 2 нафар дар вазифаҳои муовинони Раиси ноҳия, 2 раисони ҷамоатҳои деҳот, 7 муовинони раисони ҷамоатҳо, 2 котибони ҷамоатҳои деҳот, 11 роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллӣ, 42 сарварони муассисаҳои таълимӣ, 4 директорони марказҳои таҳсилоти иловагӣ, 36 мудирони кӯдакистонҳо, директорони коллеҷи ғайридавлатии тиббӣ, литсейи касбҳои техникӣ, 5 сардухтурони беморхона ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар доранд.

Дар доираи эълон гардидани "Солҳои 2019-2021 - солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" барои дастгирии занони ҳунарманд, эҳё ва ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ҷудо шудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раисони вилояту ноҳия аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки солҳои охир татбиқ шуда, аз он бонувони ҳунарманди ноҳияи мо низ бархурдор мегарданд. Ин иқдом имконият дод, ки теъдоди коргоҳу сехҳои дӯзандагию бофандагӣ, атласу адрасбофӣ дар ноҳия зиёд шуда, фарогирии занону духтарони хонашин ба касбу ҳунаромӯзӣ ба маротиб афзояд.

Дар охир барномаи фарҳангии омаданамудаи бахши фарҳанги ноҳия, ки аз шеъру тарона, саҳнаҳои ҷолиб иборат буд, шукӯҳи тоза бахшид.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.