Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов чорабинии умуминоҳиявӣ баргузор карда шуд.

Дар қисмати расмии чорабинии мазкур аз тарафи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат карда шуд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси кумитаи идораи замини вилоят Ҷамшед Умарзода таманниёти идонаи Раиси вилояти Суғдро ба самъи иштирокдорон расонид. Дар вазъияти тантанавӣ ба мудири шуъбаи маорифи ноҳия Бобоева Д. мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» ва роҳбари шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия Қосимова М. медали «Шафқат» супорида шуд. Барномаи рангини фарҳангӣ, консерти идона бо иштироки сарояндагони номии вилояту ноҳия шукўњи чорабинии идонаро дучанд намуд.

 

Чунин чорабиниҳои идона ба истиқболи сазовори солгарди Истиқлолият бахшида ба Рўзи авиатсия дар Фурудгоҳи байналмиллалии «Хуҷанд», бахшида ба Рӯзи Гвардияи миллӣ дар қисми ҳарбии 051056, муассиасаҳои маорифу тандурустӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бошукӯҳу хотирмон баргузор карда шуданд. Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия низ бо оростани дастурхонаи идона барномаҳои консертӣ ташкил карда шуданд.

Санаи 9 сентябр баъди тамошои пахши мустақими телевизионии иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози фаъолияти чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар маркази ноҳия роҳпаймоии фаъолон ва ҷавонони ноҳия ташкил карда шуда, барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокдорон гардид.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз27
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта453
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1414
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2650
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7540
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта12945
mod_vvisit_counterҲамагӣ153497