Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Гвардияи миллӣ санаи 03.09.2018 дар қисми низомии 051056-и воқеъ дар минтақаи Сартӯқайи ҷамоати деҳоти Ёва чорабинии идона баргузор гардид.

 

 

Ба ин муносибат аз тарафи бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Рӯзи дарҳои кушод ташкил карда шуда, дар чорабинӣ 350 нафар ҷавонону наврасони синни даъвати ҳарбӣ бо ҳаёту фаъолияти афсарону сарбозони қисми низомӣ аз наздик шинос шуданд. Муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ёва Холматова Р., намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳия Акбарзода М. ва сармутахассиси бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Болтуев Ф. суханронӣ намуда, аз дастовардҳои даврони Истиқлолият, амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарф зада, иштирокдорони чорабиниро ба муносибати ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Гвардияи миллӣ табрик намуданд.

Дар охир барои интизоми намунавӣ ва хизматҳои шоиста баҳри ҳифзи Ватан ба сарбозону афсарони фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаҳо супорида шуд.
Барномаи фарҳангӣ барои болидахотирии афсарону сарбозон пешкаш гардида, барои онҳо дастурхони идона ороста шуд.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз12
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта453
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1399
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2650
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7525
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта12945
mod_vvisit_counterҲамагӣ153482