Ҳамасола бо иштироки Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардидани дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, мақоми махсуси илму маориф, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.

 

 

Субҳи 1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомадҳои тантанавӣ ташкил карда шуда, тамошои дастаҷамъонаи Дарси сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд.

Дар муассисаи таълимии Мактаби хонандагони болаёқати деҳоти Хистеварз бо иштироки раиси ноҳия Зариф Назирӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ахмедов Шарифҷон чунин як ҷамъомади идона ташкил карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар деҳоти Хистеварз муассисаи таълимии нави хусусӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҷомеаи омӯзгорӣ ва муҳассилини муассисаи таълимии «Дурахшандагон»-ро муовини якуми раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров табрик намуд. 

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз11
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1033
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3188
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта9115
mod_vvisit_counterҲамин моҳ4172
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта30955
mod_vvisit_counterҲамагӣ410489