аз 23.07.2019, №433

Дар бораи гузаронидани озмуни «Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти

беҳтарин» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1176, бо назардошти қарори Раиси вилояти Суғд аз 16.07.2019, №329 «Дар бораи гузаронидани озмуни «Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

1.Ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои ноҳия, таҳкими корҳои бунёдкориву созандагӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон, инчунин тирбияи ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз анъанаҳои миллӣ давоми солҳои 2019-2021 озмуни ноҳиявӣ ҷиҳати муайян намудани Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин гузаронида шавад.

2.Комиссияи ноҳиявии озмун вазифадор карда шавад, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи ноҳиявӣ фаъолияти худро тибқи Низомномаи озмуни вилоятӣ барои муайян намудани Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин, ки бо қарори Раиси вилоят тасдиқ гардидааст, ба роҳ монад.

3.Ба Раёсати молия дар ноҳия супурда шавад, ки барои пардохти хароҷот вобаста ба ташкил ва гузаронидани озмун мувофиқи хулосаи Комиссияи озмуни ноҳиявӣ маблағҳои заруриро ҷудо намояд.

4.Ба раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия супурда шавад, ки дар асоси Низомномаи тасдиқшудаи озмун қарорҳои дахлдорро бобати баргузор намудани озмун қабул намоянд.

5.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси ноҳия Абдуллозода Ф.Т. ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Юсуфӣ А.М. гузошта шавад.

 

 

Раиси ноҳия                                   Зариф Назирӣ

 

 

 

Замимаи №1

ба қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

аз «23» 07 соли 2019, №433

 

Ҳайати

комиссияи озмуни ноҳиявӣ барои муайян намудани Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин

 

  1. Муовини раиси ноҳия (сарпасти соҳа), раиси кумитаи тадорукот;
  2. Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, муовини раиси кумитаи тадорукот;
  3. Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, котиби кумитаи тадорукот;

АЪЗО:

  1. Сармутахассиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия;
  3. Сармутахассис – ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси ноҳия;
  4. Мудири шуъбаи иқтисод ва савдо;
  5. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия;
  6. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
  7. Мудири бахши саноат, нақлиёт ва энергетика;
  8. Мудири бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ;
  9. Мудири бахши фарҳанги ноҳия;
  10. Мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маромҳо;
  11. Мудири бахши ҷавонон ва варзиш дар ноҳия;
  12. Сардори раёсати молия дар ноҳия;
  13. Сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
  14. Мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия;
  15. Сардори раёсати омор;
  16. Сардухтури беморхонаи марказии ноҳия;
  17. Роҳбари шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳия;
  18. Директори муассисаи давлатии сарраёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ;
  19. Сармуҳаррири ҳафтаномаи ноҳиявии «Хуҷанд».

 

 

Роҳбари дастгоҳи

Раиси ноҳия                                           А.Юсуфӣ

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз125
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта733
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3318
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта4003
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7792
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта21671
mod_vvisit_counterҲамагӣ206013