Ёва

Ҷамоати деҳоти Ёва

Тафсири таърихию маданӣ

Маълум, ки ҳар маҳалли зисти одамон ба худ хос таъриху солномаро дорост. Деҳаи Ёва низ дорои таърихи қадима мебошад. Чуноне, ки муаррихон таъкид кардаанд, деҳаи Ёва аз қадимтарин деҳоти атрофии шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад. Ёва дар манбаҳои таърихӣ ва фарҳангномаҳо, ки аз ҳама қадимтарини онҳо китоби муқаддаси «Авесто» мебошад ва қисматҳои аввалиаш 3000 сол пеш навишта шудаанд, калимаи Ёва маънои «ғалладона» - ро ифода менамояд. Дар қисмати «Вандидот» - и ин китоб, борҳо калимаи «Ёва» дучор мешавад. Калимаи «Ёва» ба маънои ғалладона ва ғаллазор то имрӯз дар забони шуғнонӣ, низ истифода мешавад.

Аз ин рӯ, ин далелҳоро метавон бо камоли боварӣ гуфт, ки номи деҳаи Ёва аз калимаи туркии «ёв», ё аз калимаи «ёвар» набуда, аслан дар забонҳои авастоӣ ва форсии қадим дар шаклҳои «ява» истифода мешудааст ва маънии ғалла ва ғаллазорро ифода мекардааст. Агар ба мавқеи ҷуғрофии ин деҳа эътибор диҳем, макони ғалладона будани он тасдиқ мегардад. Аз замонҳои қадим аз дили ин деҳа рӯди такоб ҳоло Хоҷабақирғон меноманд, ҷорӣ буд.

Деҳоти Ёва 26 феврали соли 1918 ташкил карда шудааст.

Шароити  захираҳои табиӣ  ва мавқеъи ҷуғрофӣ

Манзараи  даштӣ,  иқлими хушк  (ҳарорати миёна дар  фасли тобистон аз 250 то 400 ва дар фасли зимистон то -200) - ро ташкил медиҳад. Замини ҳосилхез  ва мавчуд будани об (сойи  Хоҷа - боқирғон ва Канали Калони Фарғона 1 ва 2)  тамоюли  соҳаи хоҷагии қишлоқро бо равияи пахтакорӣ, ғалладонӣ, меваю сабзавот, шоликорӣ ва ангурпарвариро  муайян мекунад. Дар ин ҷо ҳамчунин пиллапарварӣ тараққӣ ёфтааст.

Аз сабаби паст будани миқдори миёнаи бориш (то 150-300 мм) ба талаботи обёрии (ирригатсия) шиддатнок эҳтиёҷот дорад.

Тамоюлҳои асосии иҷтимоӣ-иқтисодӣ

Асоси иқтисодиёти Ҷамоатро хоҷагии деҳқонӣ ташкил медиҳад, ки дар он 64%-и аҳолӣ машғул аст. Асоси хоҷагии деҳқони Ҷамоати деҳотро истеҳсоли сабзавот, ғалладона, меваҷот ва пахта ташкил медиҳад. (асосан аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ).

Наздикии Ҷамоат ба маркази шаҳри Хуҷанд – ба бозори «Панҷшанбе» шароит фароҳам меоварад, ки сокинон саривақт ва бе вайроншавии сифати маҳсулот ба харидорон маҳсулоти хоҷагии қишлоқро пешниҳод намоянд. Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёва хоҷагии деҳқонӣ, хоҷагии инфиродӣ, (заводи хиштбарорӣ), корхонаҳои саноатӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 10, 22, 31, 33, 47, 48, 49, 60, ва 68, мактаби хусусии «Сафина», Маркази таълимии №1 ва МТИ №4, Беморхонаи минтақавии №2, марказҳои саломатии «Ёва», «Тошлоқ», «Сирдарё», хонаи саломатии «Навобод», «Ҳаёти нав» ба мардум хизмат мерасонанд.

Инчунин, мағозаҳои тиҷоратӣ ва хӯрокворӣ, сартарошхона, клуб, чойхона, китобхона, тӯйхонаҳо барои қонеъ намудани талаботи мардуми деҳот ҳамеша омодаи хизмат ҳастанд.

Дар Ҷамоат имрӯз 1 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 44 нафар иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, 5 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, 35 нафар иштирокчиёни муҳорибаҳои барқароркунии сохти конститутсионӣ ва зиёда аз 88 нафар собиқадорони меҳнат кор ва зиндагӣ мекунанд.

Биниши мазкур дар асоси таҳлили тарафҳои пурқувват ва камқуввати рушди Ҷамоат ба назардошти омилüои таъсиррасони рушд тартиб дода шудааст.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.