Мувофиқи нақшаи чорабинии гурӯҳи тарғиботии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  оид ба гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии шомилшавии занону духтарон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва ошкор намудани ҳолатҳои тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони  алоҳида, таълиму тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандон шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия дар ҳамкорӣ бо ШВКД-и ноҳия, шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия, санаи 7-уми августи соли равон дар бозори «Атуш»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва атрофии он рейди муштарак доир намуданд.

 

 

Дар чорабинии мазкур мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – Ҳоҷибоева У., мувони озоди раиси Шурои ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Сатторова О., сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Худойбердиева Р., мутахассиси пешбари ҷамоати деҳоти Ёва оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Солиева З., кормандони ШВКД-и ноҳия ва масъулони бозор иштирок намуданд.

Дар натиҷа маълум гашт, ки якчанд фурӯшандаҳои бозори мазкур фарҳанги ба бар намудани либосҳои миллиро риоя накарда, либосҳои давлатҳои дигарро ба бар кардаанд.

Бо харидороне, ки акасарашон занону духтарони ноҳияҳои Мастчоҳу Конибодом буданд ва либосҳои ғайри фарҳанги миллиро ба бар кардаанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Аз мулокотҳои баргузоршуда занон моҳияти фарҳанги либоси миллии тоҷиконаро фаҳмида, аз пӯшидани сатр ва либоси бегона даст кашиданд.

Минбаъд низ гурӯҳи тарғиботиву ташвиқотии ноҳия барои боз ҳам пурзӯр намудани корҳо дар ин самт, имкониятҳои мавҷударо истифода мебарад.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз61
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта530
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта61
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3033
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7152
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта17002
mod_vvisit_counterҲамагӣ140164